Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: вуруди мусулмонҳо ба ИМА манъ нашудааст


Президент Доналд Трамп ба дуруст будани фармонҳояш, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба ИМА муваққатан манъ мекунанд, пойфишорӣ дорад.

Трамп мегӯяд, додани раводиди ИМА ба шаҳрвандони ин кишварҳо баъди роҳандозӣ шудани чораҳои назоратии муҳоҷират аз сар гирифта мешавад.

Ин нуктаро Трамп 29 январ баъди он баён дошт, ки маҳдудияти ахир ҳазорҳо одамро ба нишони эътироз дар як қатор шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ба хиёбонҳо баровард. Бархеи қонунгузорҳои ИМА низ аз мавқеи эътирозгарон ҳимоят доранд.

"Амрико як кишвари муҳоҷирпазир аст ва мо талош мекунем, то минбаъд ҳам ба онҳое, ки аз зулму ситам рӯ сӯи мо меоранд, кумак кунем. Вале ҳамзамон мардум ва марзи худро ҳимоят хоҳем кард. Амрико ҳамеша кишвари далерон буду хоҳад монд", - омадааст дар изҳороти хаттии Доналд Трамп.

Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳои ахир, тавре расонаҳо навиштаанд, маънои манъи мусулмонҳоро надорад. "Чораҳои мазкур ба дин рабте надоранд ва барои таъмини амнияти кишвар андешида шудаанд. Беш аз 40 кишвари мусулмоннишин вуҷуд дорад, ки танҳо номи 7-тоашон омадааст", - меафзояд президенти нави ИМА.

Райнс Прибус, раиси дастгоҳи Кохи сафед чанде қабл аз фармонҳои ахири Доналд Трамп ҳимоят ва "бесарусомониҳо"-ро дар фурудгоҳҳои ИМА бо иштироки садҳо мусофир рад кард.

XS
SM
MD
LG