Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ҳоло вақти сохтани девор нест


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон – бо интиқод аз сиёсатҳои зидди муҳоҷирати Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, "ҳоло вақти сохтани девор миёни миллатҳо нест". Оқои Рӯҳонӣ рӯзи 28 январ дар ин бора дар ҳамоиши ҷаҳонгардии (туризм) Теҳрон изҳори назар кард. Ӯ гуфт, "онҳо фаромӯш кардаанд, ки Девори Берлин солҳо пеш чаппа шудааст" ва афзуд, "агар деворе ҳам байни миллатҳо вуҷуд дорад, бояд бардошта шавад." Изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз тасмими Доналд Трамп барои бунёди девор дар марзи Амрико бо Мексика ва манъи муваққатии сафари сокинони ҳафт кишвар, аз ҷумла Эрон, садо дод. Трамп дар шарҳи тасмимаш гуфтааст, ин иқдом барои таъмини амнияти Амрико ва роҳ надодани "террористони исломии ифротгаро" рӯи даст гирифта шудааст. Бисёре аз эрониён дар дохилу хориҷ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин амалкарди Трампро "тавҳиномез" ва "нажодпарастона" донистаанд.

XS
SM
MD
LG