Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА имсол ба мубориза бо тундгароҳо бештар таваҷҷуҳ мекунад


Вазири хориҷии Австрия Себастиан Куртс
Вазири хориҷии Австрия Себастиан Куртс

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфт, ки соли ҷорӣ мубориза алайҳи тундгароҳоро бештар мекунад. Тавре вазири корҳои хориҷии Австрия Себастян Куртс, ки ҳоло раиси САҲА аст, мегӯяд, ки бар зидди тундгароҳо танҳо амалиёти низомӣ кофӣ нест.

Ба гуфтаи Курст, ҳамаи 57 кишвари узви САҲА бояд дар мавриди мубориза бо терроризм табодули таҷриба кунанд. Вазири корҳои хориҷии Австрия таъкид кардааст, ки эътимод миёни Шарқу Ғарб хеле муҳим аст.

Ба иттилои Куртс, дар ҳоли ҳозир дар Сурияву Ироқ 10 ҳазор шаҳрванди кишварҳои узви САҲА дар тарафи террористон меҷанганд. Ӯ аз хатари бозгашти ин ҷангҷӯёнро ба кишварҳояшон ёдовар шуд ва ба тақвияти назорати мақомоти қудратӣ таъкид кардааст.

Соли 2016 дар чанд шаҳри кишварҳои Аврупо амалиёти террористӣ рух дод, ки боиси марги сокинони осоишта шуд. Масъулияти ин амалҳоро гуруҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG