Пулиси Истанбул 7 январ номи гумонбари ҳамлаи хунин ба клуби маъруфи Reina-ро эълон кард, ки шаби Соли Нав дар тан либоси Бобои Барфӣ 39 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ карда буд. Бино ба хабари нашрияи "Ҳуррият" ва "Daily Sabah"-и Туркия, гумонбар Абдулқодир Машарипов – маъруф бо лақаби "Абу Муҳаммад Хуросонӣ" – шаҳрванди Узбакистон будааст.
Мутаассифона, ҳамлагар афроди бегуноҳи саргарми таҷлил аз Соли Навро бераҳмона тирборон кардааст.
Мақомоти тафтишот дар бораи шахсияти Абдулқодир Машарипов ҷузъиёти зиёд надода ва танҳо гуфтаанд, вай 29-сола буда, бо истифода аз бебандуборӣ бо таксӣ ба минтақаи дигар фирор намудааст. Тафтишот мегӯяд, "нафари гумонбар ҳатто барои пардохти ҳаққи хидмати таксӣ пул надошт, чун 500 лира (тақрибан 200 доллар)-ро дар ҷайби либоси Бобои Барфӣ дар ошпазхонаи клуби Reina фаромӯш карда буд."
Қаблан баъзе расонаҳои Туркия бо нашри шиносномаи Яҳё Машрапов, шаҳрванди Қирғизистон, ӯро гумонбари ҳамла номиданд. Вале мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъд аз бозпурсии Яҳё Машрапов гуфтанд, ки ӯ дар ин ҳамла даст надорад ва худи Яҳё Машрапов низ аз расонаҳо тақозо кард, ки барои чунин рафторашон маъзаратхоҳӣ кунанд.
Ҳоло амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Reina-и Истанбул идома дорад. Қаблан гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» иддао карда буд, ки ин ҳамлаи шаби Соли Навро «як сарбози хилофат» анҷом додааст. Дар ин ҳамла як шаҳрванди Русия, Арабистони Саудӣ, Белгия, Либия, як араби исроилӣ, ду ҳиндӣ, сенафарӣ аз Урдун, Ироқ, Лубнон ва боқимонда аз Туркия кушта шуданд.
Куштор тахминан соати яки шаб баъд аз фарорасии Соли Нав дар маҳаллаи Ортакойи Истанбул рух дод. Нафари ҳамлагар бо либоси Бобои Барфӣ ва бо як автомати милаш дароз вориди клуб шуда, ба сӯи аз 500 то 700 иштирокдори базм оташ кушод, ки саргарми таҷлили иди Соли Нав буданд. Баъзе нафарон дар ғояти тарс ба хотири наҷоти ҷони худ аз болои пул ба обҳои Босфор ҷаҳиданд.
Нахуствазир Биналӣ Йилдирим баъди лаҳзаҳои ҳодиса гуфт, ҳамлагар силоҳро дар ҷойи ҳодиса гузошта, бо истифода аз бебандуборӣ фирор кардааст. Волии Истанбул Васип Шоҳин ҳодисаро “ҳамлаи террористӣ” номид ва гуфт, “мутаассифона, ҳамлагар афроди бегуноҳи машғули таҷлили ҷашни Соли Навро бераҳмона тирборон кард”.
Ин ҳодисаро раҳбарони ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан маҳкум карданд. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ гуфт, ки “тамоми андешаҳои мо дар бораи қурбониҳо ва ҳам азизони онҳо аст. Мо ба хотири пешгирӣ аз такрори чунин фоҷиаҳо корро идома хоҳем дод.”
Кохи Сафед бо пахши изҳороте ин ҳодисаро “як ҳамлаи ваҳшатбори террористӣ” хонд. Президенти кунунии Амрико Барак Обама амр дод, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ барои ёрӣ ба Туркия андешида шавад. Баъд аз ин ҳодиса чораҳои амниятӣ дар Истанбул шадидтар шуда, дар хиёбонҳои ин шаҳр 17 ҳазор ходими пулис вазъро назорат мекунад.
Соли 2016 Анкара – пойтахти Туркия ва ҳам Истанбул ҳадафи чандин ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаҳои маргбор ба даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурки Истанбул, ки аз ҷониби се нафар анҷом шуда буд, 45 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти пулиси Туркия гуфтанд, ки ин ҳодиса - кори дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва сокинони Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад. Вале тахминҳои аввалияи мақомот дар бораи ин ки эҳтимол яке аз ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон буд, баъдан тасдиқ нашуд. Рӯзи 10 декабр дар натиҷаи як ҳамла ба варзишгоҳи Истанбул 44 нафар кушта ва 149 нафар маҷрӯҳ шуданд.