Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши тарма шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро барои як соат баст


Шоми 4 январ дар километри 65-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромада, ҳаракати воситаҳои нақлиёт миёни пойтахт ва вилояти Суғдро барои як соат мутаввақиф сохтааст. Далер Мерганов, сухангӯи ширкати IRS -- масъули роҳи пулакӣ дар ин масир, рӯзи 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз зуҳри рӯзи гузашта ба далели бе таҷҳизоти махсуси зидди лағзиш ба роҳ баромадани бархе аз ронандаҳо дар километри 56-ум нахуст танбашавии тӯлонии мошинҳо сурат гирифтааст. Сипас, дар километри 65-уми ин ҷода резиши тарма рух додааст. Вай гуфт, “кормандони ширкати IRS тавонистанд дар як соат маҳалли тармафароиро аз барф тоза кунанд ва ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ аз сар гирифта шуд”. Ба гуфтаи вай, рӯзи гузашта дар масири роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барфбории шадид идома дошт ва ҳоло барфрезӣ хотима ёфтаасту шароити ҳаракати васоили нақлия дар ин ҷода фароҳам шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта бархе аз ронандаҳо дар ин масир аз баста шудани роҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норизоиятӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG