Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯз баъди нопадидшавӣ Нилуфарро ҳанӯз ҳам пайдо накардаанд


Ҷавонзане аз шаҳри Турсунзода, ки шоми 30 декабр нопадид шуд, ҳанӯз ҳам пайдо нашудааст. Хешовандони Нилуфар Ортиқова рӯзи 2 декабр ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҷавонзан ҳанӯз ҳам нопайдо аст ва аз сокинони Тоҷикистон дархост кардаанд, ки дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Наздиконаш гуфтанд, ки як зани монанд ба Нилуфарро рӯзи 1 январ дар як навори камераҳои назоратии шаҳри бехатар дар шаҳри Душанбе рӯзи 1 январ пайдо кардаанд.

Нилуфар Ортиқова, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи аграрӣ 30-уми декабр аз шаҳри Турсунзода ғайб зада буд, рӯзи 1-уми январ дар як навори шаҳри бехтар дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сабт шудааст. Аммо наздикони ӯ мегӯянд, то ҳанӯз худи ӯро наметавонанд, пайдо кунанд.

Ҳамроой Саидова, як тан аз наздикони ин ҷавонзан 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Нилуфар тариқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи аграрӣ дохил шуда, дониши хуб дошт, аммо пас аз шавҳар кардан ва таваллуди фарзанди аввалинаш аз лиҳози рӯҳӣ каме бемор шуда буд. Саидова гуфт, "Рӯзи 30-уми декабр аз шаҳри Турсунзода гум шуд. Наворҳои шаҳри бехатарро диданд. Охирин бор рӯзи гузашта, ӯ дар истгоҳи назди Боғи ботаникии шаҳри Душанбе, поёнтар аз Донишгоҳи аграрӣ нишастааст. Дигар дар ҳеҷ ҷо сабт нашудааст. Аз тамоми сокинон хоҳиш дорам, то дар сурати дидан ба мо хабар диҳанд", - гуфт ӯ.

Наздикони Нилуфар аз онҳое, ки ин ҷавонзанро дидаанд, хоҳиш карданд, ки ба онҳо бо шумораҳои телефони 907 58 85 65 ё 919 76 63 36 хабар диҳанд.

XS
SM
MD
LG