Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Русияро барои рахнагарӣ таҳрим мекунад


Матбуоти Иёлоти Муттаҳида навиштааст, ки Амрико ба зудӣ дар посух ба гӯё рахнагарии почтаҳои электронии Ҳизби демократ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ мекунад. Хадамоти истихбороти Амрико ва дигарон бовар доранд, ки ин амали Русия ба хотири пирӯзии Доналд Трамп анҷом шуд.

Тадобири навбатӣ таҳримҳои иқтисодӣ, иттиҳоми расмии ҳакерҳои маълум, маҳудияти дипломатҳои Русия ва пахши маҳрамонаи маълумоти шармовар дар бораи мақомоти Русияро фаро мегирад. Дар ин бора хабаргузории Reuters ва нашрияи Washington-Post бо такя ба як мақоми Иёлоти Муттаҳида гузориш доданд.

Баъзе гузоришҳо рӯзи эълони таҳримҳоро 29 декабр гуфтаанд.

Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп, сарфи назар аз далелҳои истихборотӣ, дахолати Русияро ба умури интихоботи Амрико зери суол бурдааст.

Президент Барак Обама чанде пеш гуфт, ки "мо ниёз ба иқдом дорем ва мо иқдом мекунем".

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова, рӯзи 28 декабр дар бораи таҳримҳои ҷавобии Амрико ба рахнагарӣ гуфт, Русия ба ҳамагуна тадобир посухи ҳамсанг хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG