Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли "дари баста". ВИДЕО


Сокинони Тоҷикистон фаъолияти ширкатҳои интернетрасонро дар соли 2016 аз лиҳози моддиву маънавӣ барои худ зараровар хонданд. Онҳо гуфтанд, маҳдуд боқӣ мондани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе сомонаҳои хабарӣ, суръати пасти интернет, гаронтар шудану сарфи бештари бастаҳои интернетӣ барояшон хастакунанда будааст. Дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, “Ютюб” ва сомонаҳои хабарӣ, мисли “Азия Плюс”, “Озодагон”, “Озодӣ” аз охири соли гузашта то ҳол масдуд ҳастанд.

Дар соли 2016 шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Ютюб“ ва сомонаҳои хабарии “Азия-Плюс”, “Озодагон” ва “Озодӣ” баста буданд. Аммо, зоҳиран, бо истифода аз садшиканҳо дар соли равон маҳдудиятҳо чандон зиёд эҳсос нашуд.

Фирдавси Назар, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 10 декабр гуфт, соли гузашта дар як моҳ барои истифодаи интернет 35 сомонӣ сарф мекард, аммо имсол ин маблағ як баробар бештар шуд. Ба гуфтаи ин ҷавон, солҳои пештар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ ба таври муваққат баста мешуд, аммо дар соли 2016 онҳо пурра баста боқӣ монданд. «Суръати интернет хеле суст шуд. Барои як аксро боз кардан то ним соат ҳам интизор мешавӣ. Дар телефонам садшикан (VPN) насб кардам. Ин сарфи мегабайтро қариб ду баробар зиёд мекунад. Агар бе садшикан ҳазор мегабайтро як моҳ истифода мекардам, ҳоло бо садшикан дар 10-12 рӯз тамом мешавад», - гуфт ӯ.

Назари сокинон инҷост:

Суду зиёни "сайтбандон" аз назари сокинон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ин корбари фаъоли интернет мегӯяд, масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ роҳи дастрасӣ ба иттилоъро набаст, аммо аз лиҳози молӣ сарфашон бештар ва аз нигоҳи суръати поин онҳо асабонитар шудаанд.

“Сайтбандон” муаммо шуд

Масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ, ки ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон унвони “Сайтбандон”-ро гирифтааст, дар соли 2016 ба як муаммо табдил ёфт. То ду соли пеш, дар чанд маврид зимни масдуд шудани сомонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ мактуби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дасраси расонаҳо мешуд, ки дар он аз ширкатҳои мобилӣ тақозо мешуд, то ин ё он сомона масдуд карда шавад.

Аммо масъулони Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотӣ дар тобистони имсол бо сароҳият бо супориши онҳо масдуд шудани бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабариро рад кард. Алихон Бекназаров, як масъули ин Хадамот дар ин нишаст гуфт, онҳо ба масдуд будани сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ рабте надоранд ва ҳар нафаре бидуни далел ин мушкилро ба онҳо рабт медиҳад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Ширкатҳои интернетрасон низ дастрасии маҳдуд ба бархе сомонаву шабакаҳои иҷтимоиро мушкили худ намедонанд. Ҳарчанд, коршиносон бар ин назаранд, ки ширкатҳои мобилӣ бо дастуре маҳдудият ҷорӣ мекунанд ва ба хотири сард накардани муносибати худ бо мақомот аз ифшои он худдорӣ меварзанд. Маҳдудияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои истифодабарандагоне мисли Фирдавс низ муаммо боқӣ мондааст. Муаммое, ки ба гуфтаи ин ҷавон, ширкатҳои мобилӣ ҳангоми тамос ҳамеша онро ба мушкили телефони худи муштариҳо рабт медиҳанд.

Аз ин рӯ, Фирдавс мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ширкатҳои мобилӣ ба хотири фоидаи бештар дидан маҳдудият ҷорӣ мекунанд, то ҳангоми истифодаи садшиканҳо бастаҳои зиёд сарф гардад.

Вақте сомонаҳо дастрас нестанд...

Интернети дастнорас
Интернети дастнорас

Масъулони ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, дастнорас будани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ ба манфиаташон набуда, ҳеҷ гоҳ онҳо ба чунин кор низ даст намезананд. Холиқназар Ҷумъаев, як масъули ширкати “Бабилон”, аз сермуштаритарин ширкати мобилии Тоҷикистон, рӯзи 10 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат ҳеҷ гоҳ аз маҳдуд будани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ суд наҷустааст ва ин корро низ ба хотири аз даст надодани эътимоди муштарӣ намекунад.

Ӯ гуфт, “мо талош мекунем, ки хидматрасонии хуб дошта бошем. Кӯшиши ҳар ширкат ин аст, ки эътимоди муштариро ба даст оранд. Вақте ин ё он сомона дастрас намешавад, ин ба фоидаи ширкат нест. Лекин муштариён фаъолияти моро хуб медонанд ва дар бораи дастнорас будани сомонаҳо ҳеҷ шикояте дастрас накардаем. Мо бар асоси шартномае, ки бо муштарӣ дорем, интернетро мерасонем. Дигар, муштарӣ онро чӣ гуна истифода мекунанд, кори худи ӯ ҳаст.”

Маҳдуд будани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ хоси ширкати “Бабилон” нест. Аз тариқи ширкатҳои “Билайн”, “Мегафон”, “Tcell” низ “Фейсбук”, “Ютюб”, “Однокласники” , “Озодӣ”, “Азия-Плюс” ва “Озодагон” дастнорас ҳаст.

Ҳадаф: “Ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва андешаҳои зиддиҳукуматӣ?”

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, низ мегӯяд, аз маҳдуд будани бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе сомонаҳои хабарӣ ширкатҳои мобилӣ фоидае намебинанд. Ӯ мегӯяд, аксари сокинони Тоҷикистон аз барномаҳое истифода мекунанд, ки дар Тоҷикистон масдуд нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ба он хотир сокинон дар истифодабарии интернет маблағи бештар мепардозанд, ки хидматрасониҳои интернетӣ бештар шудааст.

“Ҳоло сокинон аксаран интернетро ба хотири истифода аз Вайберу Вотсап ва Скайп харидорӣ мекунанд. Яъне, бештар ба хотири тамосҳои видеоӣ ва садоӣ. Ин барномаҳо дар Тоҷикистон боз ҳастанд. Ба таври ҳамагонӣ сокинон интернетро ба хотири фаҳмидани боду ҳаво истифода мебаранд”, - гуфт ӯ.

Охири соли гузашта порлумони Тоҷикистон бо тағйири Қонун дар бораи мубориза бо терроризм ба мақомот ҳаққи қонунии қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернетро дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дод. Пас аз қабули ин қонун дар соли 2016 ба таври муваққат масдуд кардани сомонаҳо аз байн рафт ва онҳо ба таври доимӣ баста боқӣ монданд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Ин қонун ҳам дар ҳоле қабул шуд, ки дар моҳи сентябри соли гузашта мақомот алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқ вазири дифоъ, ки ба гуфтаи онҳо даст ба ошӯб зада буд, 12 рӯз дар дараи Ромит амалиёти низомӣ гузаронд. Пас аз ин амалёт ва кушта шудани Назарзода бо теъдоде аз ҳамроҳонаш Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъолонаш боздошт шуданд. Дар пайи ин ҳодисаҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ бозтоби густарда ёфтанд, маҳдудияти дасрасӣ ба ин шабакаҳо дигар бекор нашуд.

Коршиносон мегӯянд, маҳз нигаронӣ аз тарғиби терроризм ва афкори зиддиҳукуматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро ба масдуд кардани онҳо водоштааст.

Анвар Ҳамидов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, зоҳиран доираҳои манфиатдори ҳукуматӣ бо ин роҳ мехоҳанд, пеши роҳи андешаҳои ифротгароӣ ва зиддиҳукуматиро бигиранд. “Аммо бибинед, бо ҳар роҳу қиммате сокинон чизеро, ки мехоҳанд, дастрас мекунанд. Ҳарчанд ин шеваи кор самар надодааст, вале ҳоло танҳо ҳамин роҳро доираҳои муайян дар Тоҷикистон муассир медонанд”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Истифодабарандагони интернети мобилӣ
Истифодабарандагони интернети мобилӣ

Дар соли 2016 шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Ютюб“ ва сомонаҳои хабарии “Азия-Плюс”, “Озодагон” ва “Озодӣ” баста буданд. Зоҳиран, бо истифода аз садшиканҳо дар соли гузашта маҳдудиятҳо чандон зиёд эҳсос нашуд. Танҳо афроде ба мисли Фирдавс, ҳамсӯҳбати мо дар пайи истифода аз барномаҳои садшикан маблағи бештар харҷ карданд ва ба хотири суръати поин асабӣ шуданд.

Корбарони инетернет то соли гузашта дар Тоҷикистон ба 3 миллиону 800 нафар мерасид. Аммо бар асоси омори охирин дар соли 2016 ин шумора 800 ҳазор камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG