Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: “Даргузашти Фидел Кастро мусибати сангин аст”


Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба
Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба

Раисиҷумҳури Тоҷикистон даргузашти Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба ва, ба қавли ӯ, “сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро”, ки тақрибан панҷоҳ сол идораи ин кишвар дар дасташ буд, “мусибати сангину ҳузнангез” номидааст. Ин номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон баъди зӯҳри 26 ноябр ба унвонии Раул Кастро, раҳбари феълии Куба ирсол шудааст.

Дар нома таъкид гардидааст, “хотироти Фидел Кастро ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.” Фидел Кастро, ки соли 1959 бо шикасти режими Фулгенсио Батиста дар Куба ба қудрат расид ва сотсиализмро ҷорӣ кард, шаби 25 ноябр дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги Фидел Кастроро бародараш ва раҳбари кунунии Куба Раул Кастро ба мардум расонд ва гуфт, ки бино ба васияташ ҷасади ӯ сӯзонда мешавад.

То рӯзи 4 декабр дар Куба ба хотири даргузашти раҳбари пешини ин кишвар мотами миллӣ эълон шудааст. То кунун чанде аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон даргузашти ӯро таслият гуфтаанд. Аммо дар кӯчаҳои Майами дар аёлати Флорида бархе аз муҳоҷирон, ки хонаводаашон дар замони раҳбарии Фидел Кастро ба тарки ватан маҷбур шуда буданд, аз марги раҳбари кишвари худ изҳори хушҳолӣ карданд.

XS
SM
MD
LG