Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи навбатӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳ рафт


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ алайҳи вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров оғоз кардааст. Бузургмеҳр Ёров ин бор бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон , яъне “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” гунаҳкор дониста мешавад. Хосия Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 21 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро огаҳ кардааст, ки парвандаи бародараш аз Додситонии кулл ба додгоҳ расидааст. Хоҳари Бузургмеҳр ҳамзамон гуфт, ки мурофиа рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд. Аз Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз парванда дар истеҳсолоти судӣ қарор дода нашуда ва додраси он низ таъйин нашудааст. Додситонии кулл дар моҳи октябри соли равон дар нибатиБузургмеҳр Ёров бо ду моддаи қонуни ҷиноӣ - 355 - "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва 330 - "таҳқири намояндаи ҳокимият" парванда карда буд.

Аз ин қабл, Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG