Модари ҷавонписаре, ки нахуст бо гумони сафар ба Сурия ба бозпурсӣ даъват шуда, баъдан бо шеваи ғайрирасмӣ ба артиш сафарбар шуд, дар паи ин ҳодиса бо фишори баланди хун дар бемористон қарор дорад.
Муҳаммадюсуф Каримов, сокини 22-солаи деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор 11-уми ноябр бо гумони ҳузур дар Сурия аз ҷониби кормандони ҷамоат ва чанд марди ношинос ба бозпурсӣ даъват шуд. Зебӣ Ҳафизова, модари 57-солаи ин писар мегӯяд, шабона аз ҷамоат занг зада ба онҳо гуфтанд, ки писараш гӯё дар Сурия қарор дошт ва бояд ба Идораи ҷамоат омада, ба суоли масъулин посух диҳад. Ин зан мегӯяд, писараш се моҳи пеш аз Русия баргашта буд ва он ҷо ҳамроҳ бо дигар бародаронаш дар корхонаи шағалбарорӣ кор мекард.
Зебӣ Ҳафизова гуфт, аз ҷамоат онҳоро барои бозпурсӣ ба ҳукумати ноҳия бурданд. “Дар ҳукумат вақте писарам байёнот медод, чор низомипӯш ворид шуд ва писарамро аз кашталаш гирифта, ба берун кашиданд. То ҳукумат моро як мошин дунболагирӣ мекард. Аз шаб ман худам дар тарс будам, ки писарам чӣ гуноҳи бузурге кардааст. Писарам аз дасти онҳо гурехт, вале чаҳор мошин ӯро дунболагирӣ карда боздошт карданд ва дигар ман аз пой афтодам”, -гуфт Зебӣ Ҳафизова.
“Гуфтам, Сурия рафта бошад, хонаам сӯхт”
Ин зан мегӯяд, ҳеҷ фикр намекард, ки писарашро “облава” кардаанд ва мехоҳанд, ӯро ба артиш баранд. “Намедонистам, ки ӯро барои аскарӣ боздошт кардаанд. Гуфтам, ки бачаи ҷавон аст, бо телефон ягон беақлӣ карда, шояд бо ягон нафар сӯҳбат кардааст. Аз ҳамин сахт тарсидам. Ҳозир касеро фаҳмида намешавад. Гуфтам, агар дар Сурия ин хел карда бошад, хонаи ман сӯхт".
Ҳоло Зебӣ Ҳафизова дар Шӯъбаи бемориҳои дарунаи беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бистарӣ аст. Табибон мегӯянд, ӯ бар асари фишори баланд ба чунин ҳол гирифтор шудааст ва шояд то даҳ рӯзи пас аз беморхона ҷавоб шавад.
Ин хонавода дар деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор, 10 километр дуртар аз маркази ин ноҳия зиндагӣ мекунад.
Сурия - баҳонае барои “облава”?
Муродалӣ Худойназаров, падари Муҳаммадюсуф Каримов деҳқон аст. Ӯ мегӯяд, ба ин шева ҷалби писараш ба хидмати ҳарбӣ метавонист ба фоҷеа анҷом ёбад.
Ӯ мегӯяд, “мумкин, ки ҳангоми гурехтан бачаро ягон мошин мезад ё шояд ягон ҳодисаи дигар рух медод. Агар модараш дар ягон бало мезад, чӣ кор мекардем. Наход ҳамин хел рафтор кунанд?”
Ин мард кормандони ҷамоати Ҳисорро дар бемории ҳамсар ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба писараш гунаҳкор медонад. Муродалӣ Худойназаров мегӯяд, агар ба писараш даъватнома медоданд ва аз роҳи қонунӣ ба хидмати аскарӣ мебурданд, ӯ ҳеҷ мушкиле надошт.
“Агар омада мегуфтанд, ки ҳамин писарат бояд барои ватан хизмат кунад, ҳеҷ гап набуд. Мерафт ва барои ватан хизмат мекард. Наход, ки ҳамин хел моро талхакаф карда, бачаро хизмат баранд. Ин кор аз рӯи адолат нест”, - гуфт ӯ.
Кормандони ҷамоати Ҳисор мегӯянд, бар асоси дархости додситонии кулл Муҳаммадюсуфро, ки гумон мерафт, дар Сурия ҳузур доштааст, даъват карданд. Вале онҳо оиди ба таври зӯрӣ ба артиш ҷалб шудани писар мегӯянд, аз ин хабар надоранд, чунки, ба қавли онҳо, кормандони онҳо ба ин кор даст назадаанд.
Масъулони ҷамоат: “Мо дар “облава” даст надорем”
Хурсанд Қурбоналиев, масъули Бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Ҳисор аз нафронест, ки ин писарро ба пурсиш даъват кардааст.
Ӯ рӯзи 15-уми ноябр ба Озодӣ гуфт, насаби ин ҷавон дар рӯйхате буд, ки онро барояшон додситонии кул фиристода буд.
“Мо аз рӯи насабаш ва маълумотҳо, ки ӯ шояд дар кишвари арабӣ таҳсил кардааст, барои сӯҳбат даъват кардем. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ вақт дар Сурия набудааст ва дар Русия ҳамроҳи бародаронаш кор мекардааст. Мо ба ҳукумат ӯро бурдем ва пас аз сӯҳбат ҷавобаш додем. Ин гап, ки гӯё мо “облава” ташкил карда бошем, ҳақиқат надорад”.
Ҳоло Маҳмадюсуф Каримов як ҳафта аст, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Турсунзода хидмати сарбозӣ мекунад, аммо волидайнаш танҳо пас аз се рӯз ин хабарро шунидаанд. Онҳо мегӯянд, гумон мекарданд, фарзандашон дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Шеваи ҷалби ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки дар Тоҷикистон маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш ҷараён дорад. Ноҳияи Ҳисор ҳанӯз нақшаи даъватро тамом накардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ чандин маротиба аз мақомот барои шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш, ки маъмулан “облава” номида мешавад, интиқод мекунанд.
Мақомот ҷой доштани чунин ҳолатҳоро рад мекунад, вале мегӯянд, воқеан ҳам дар гузашта гоҳо масъулини комиссариатҳо бо роҳи маҷбурӣ ҷавонҳоро ба артиш мебурданд ва ҳоло дигар ҳама даъватшавандаҳо бо хоҳиши худ сафарбар мешаванд.
Зебӣ Ҳафизова бояд 10 рузи дигар дар беморхона монад. Табибон мегӯянд, танҳо баъд аз ин сиҳатии ӯ ба ҳолати мӯътадил бармегардад. Ӯро тавсия медиҳанд, ки аз муҳитҳои ҳаяҷоновар дурӣ биҷӯяд. Аммо ин модар мегӯяд, баъди шифо ёфтан барои барқарор намудани адолат ба додгоҳ муроҷиат мекунад.