Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров


Сарраёсати корҳои дохилии пойтахт дар нисбати вакили маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 247 (қаллобӣ), парванда боз кардааст.

Зарина Набиев, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси шикояти ду нафар алайҳи шавҳараш, дар робита ба гирифтани ришва, бо моддаи қаллобӣ парвандаи навбатӣ аз ҷониби Сараёсати умури дохилӣ ифтитоҳ карда шуд. Вай гуфт, яке аз афроде, ки шикоят овардааст, як вакили мудофеъ бо номи Таманно мебошад, ки гӯё ба Бузургмеҳр Ёров маблағ додааст, вале вай онро аз худ кардааст. Наздикони Бузургмеҳр Ёров даст доштани Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ рад мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулл дар моҳи октябр дар нисбати ӯ бо ду моддаи қонуни ҷиноӣ - 355 - "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва 330 - "таҳқири намояндаи ҳокимият" парванда карда буд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG