Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҳҳои мубориза бо терроризмро бо Чэн Гопин – ваколатдори махсуси Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ – баррасӣ кардааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин мулоқот баъди зуҳри 29 октябр ва баъди шурӯи сохтмони садди Роғун дар Душанбе сурат гирифта, тарафҳо дар бораи "масоили ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақаӣ, аз ҷумла дар бахши амният" гуфтугӯ намуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол бо судури як қарор тарҳи созишномаи нав миёни Душанбеву Пекинро низ тасдиқ кард, ки тибқи он Чин муваззаф аст, барои марзбонҳои тоҷик 7 иншооти низомӣ бунёд кунад.
Ба қавли манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мизони ҳамкории низомӣ бо Чин ва бахусус дар бахши ҳифзи марзи Афғонистон изҳори қаноат карда ва таъкид намудааст, ки "Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба манфиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад." Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқот маълум нест. Вале дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, дида мешавад, дар ин суҳбат Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳур ва дар гузашта вазири дифои кишвар ҳам иштирок дорад.
Чин то ба ҳол бо Тоҷикистон бештар равобити иқтисодӣ дошт ва Тоҷикистон дар равобити ҳарбӣ бештар ба Русия афзалият медод. Аммо тайи солҳои охир равобити низомии Душанбеву Пекин ҳам дар ҳоли рушд аст. Чин соли гузашта дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод), дар марз бо Афғонистон ва баҳори имсол “Хонаи афсарон”-ро дар Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дувумӣ бо харҷи 100 миллион юан ё 15 миллион доллар сохта шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол бо судури як қарор тарҳи созишномаи нав миёни Душанбеву Пекинро низ тасдиқ кард, ки тибқи он Чин муваззаф аст, барои марзбонҳои тоҷик 7 иншооти нави ҳарӣ бунёд кунад. Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ, қаблан дар суҳбат бо Радио Озодӣ гуфта буд, ки "Чин бо назардошти манфиатҳои амниятии худ ҳифзи марзи Тоҷикистонро тақвият мебахшад."
Бархе аз таҳлилгарони дигар низ мегӯянд, Чин бо ин амалҳояш бештар аз наздик шудани ноамниҳо ба вилояти ҳамсарҳад бо Тоҷикистони Шинҷон пешгирӣ мекунад. Чунки бархе аз ҳаракатҳои бархоста аз ин вилояти автономӣ аз шумори уйғуртаборон барои мустақилияти ин минтақа аз Чин мубориза мебаранд.
Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ ҳаст. Қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузашта ва ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарз асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудааст.
Моҳи августи соли ҷорӣ се корхонаи истеҳсоли маводи кимиёии мутааллиқ ба ширкати алюминиюми тоҷик – Талко дар ноҳияи Ёвон ба кор оғоз кард, ки маблағи сохтмони ин се корхона 126 миллион доллар буда, беш аз 88 миллион долларашро “Эксимбонк”-и Чин додааст. Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, Чин дар рӯзҳои дармондагӣ дасти Тоҷикистонро гирифтааст, вале метавонад аз вобастагии сахташ ба аждаҳои сурх ҳам сӯиистифода кунад. Вале Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мусоҳибаи як сол пешаш гуфта буд, ки дар Душанбе нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро дарк мекунанд, вале барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя сахт ниёз доранд.