Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 соли зиндон ба Зоир Усмонов


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, Зоир Усмонови 31-сола, сокини деҳаи Сари Мазори ноҳияи Ховалингро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҷавон бар асоси моддаи 401, прим 1, яъне зархаридӣ, ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар додгоҳ муҷрим шинохта шуд.

Масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб, рӯзи ҷумъаи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукм нисбати Зоир Усмонов дар ҳафтаи пеш содир шуд ва ҳамакнун қувваи қонунӣ гирифтааст. Абдуқаҳҳор Усмонов, бародари Зоир Усмонов низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "додгоҳ ба далели фарзанди хурд доштани бародараш ва пушаймонӣ карданаш чораи сабук кардани ҷазоро нисбати Зоир татбиқ намуд ва 7 соли зиндон ҳукм баровард.”

Абдуқаҳҳор Усмонов ҳукми додгоҳ дар нисбати бародарашро одилона хонд ва афзуд, ки аз болои он шикояти кассатсионӣ нахоҳанд бурд. Зоир Усмонов, рӯзи чоршанбеи 12 октябр дар сухани охиронаш дар додгоҳ аз кардааш изҳори пушаймонӣ кард. Вай гуфта буд, ки “маро дигарон гумроҳ карданд ва ба ин роҳи бад рафтам. Ба дигарон маслиҳат медиҳам, то ба ин роҳи бад нараванд.”

Зоир Усмонови 31-сола ҳудуди чор моҳ қабл дар марзи Сурияву Туркия боздошт шуд ва мақомоти Туркия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз рӯи иттилои хешовандон, Зоир як сол пеш аз Русия ба Сурия рафта ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Ба нақли Абдуқаҳҳор Усмонов, бародараш Зоир 11 сол қабл бори аввал ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, давоми ин ҳама солҳо боре ҳам ба назди хонаводааш ба Тоҷикистон барнагашта буд. Ба гуфтаи хонаводааш, ӯ он ҷо бо як зани рус оила барпо карда, соҳиби ду фарзанд шудааст.

Ҳоло тибқи оморӣ расмӣ, аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта ва ҳудуди 300 тани онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG