Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Сахаров ба 2 духтари ироқӣ, ки аз асорати ДИИШ гурехтанд


Ҳомиёни ҳуқуқ аз Ироқ Нодия Мурод Баси ва Ломийя Аҷи Башор барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров дар соли 2016 эълон шуданд. Ин ду духтар аз ҳуқуқи язидиҳо, гуруҳи мазҳабии курд ҳимоят карда, ба занону кӯдаконе, ки аз дасти ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) осеб дидаанд, ҳимоят мекунанд.

Ломийя Аҷи Башор ва Нодия Мурод Баси соли 2014 ба асорати ҷангиёни ДИ афтода буданд. Ин ду духтар, ки қурбони бардагии ҷинсӣ шуданд, баъди чанд моҳ тавонистанд, аз дасти ҷангиён фирор кунанд.

Нодия Мурод моҳи декабри соли 2015 дар Шӯрои амнияти СММ баромад ва дар бораи қатли омми язидиҳо ва қочоқи инсон суханронӣ карда буд. Ин ҳомии ҳуқуқи 23-сола моҳи октябри соли равон ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавелро ҳам соҳиб шудааст.

Ҷоизаи 50 ҳазор евроӣ ба хотири чеҳраи намоёни шӯравии пешин Андрей Сахаров сар аз соли 1988 ба нафароне дода мешавад, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ҳимоят мекунанд. Маросими супоридани он 10 декабр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG