Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, амри истеъфои ҳукуматро имзо кард. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон хабар додааст. Қарори ба истеъфо фиристодани ҳукумат баъди берун шудани Ҳизби сотсиал-демократи ҷонибдори президент аз эътилофи порлумонӣ ва суқути ин эътилоф ҳосил шуд.
Дар бораи хориҷ шудани ҳизб аз эътилоф Исо Омурқулов, раҳбари ҷиноҳи сотсиал-демократҳо дар порлумон рӯзи 24 октябр хабар дод. Ихтилофи назарҳо бо шарикон бар сари ислоҳи Қонуни асосӣ аз сабабҳои аслии шикасти эътилоф гуфта мешавад.
Ибтикори ворид кардани дигаргуниҳо ба Қонуни асосӣ, ки таҳкими салоҳияти нахуствазир ва порлумонро пешниҳод мекунад, охири моҳи июли имсол ба миён омад. Ҳоло нахуствазир ва аъзои кобинаи вазирон фаъолияти худро то замони таъсиси ҳайати нави ҳукумат идома медиҳанд. Қарори истеъфои ҳукумат аз замони имзои он ба иҷро медарояд.