Барои дидору гуфтугӯҳо дар Душанбе, зоҳиран, барои мақомоти Туркия мавзӯъ кам нест – аз ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ сар карда, то баррасии мавзӯи тиҷорату иқтисод баҳона зиёд аст. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу, ки ба қавли дафтари матбуоташ, қарор аст дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ рӯзи 21 октябр баъди боздиди Тошканду Остона вориди Душанбе шавад, бояд бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов ҳам дидору гуфтугӯ кунад. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар ин сафар “ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон” баррасӣ мешавад.
Таҳлили муқоисавӣ бо соли 2013 нишон медиҳад (беш аз 650 млн. доллари ИМА), ки кишварҳои мо дорои иқтидори бузург барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошанд
Ба эҳтимоли ғолиб, яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ – ташкили заминаҳои сафари президенти Туркия ба Душанбе мешавад. Дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҷузъиёти ин барнома барояшон маълум нест, вале нияти боздиди Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон ҳанӯз охири моҳи сентяби соли ҷорӣ аз забони муовини нахуствазири Туркия Туғрул Туркеш садо дода буд. Ҳанӯз на мақомоти тоҷик ва на турк дар бораи санаи мушаххас ва ҳам барномаи боздиди Эрдуғон аз Тоҷикистон омода нестанд шарҳе бидиҳанд.
Тоҷикистон: Туркия шарики муҳим аст
Сафорати Тоҷикистон дар Анкара дар посух ба саволи радиои Озодӣ оид ба ҳадафҳои сафари вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон рӯзи 21 октябр гуфт, Туркия шарики муҳими Тоҷикистон дар арсаи баналмилалӣ мебошад. Мақомот мегӯянд, ки ҳамкориҳо бо Туркия дар ҳама соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар сӯҳбатҳои вазири хориҷаи Туркия дар Душанбе сӯҳбат аз “густариши ин муносибат ва ҳамкориҳо аз тариқи фаъол гардонидани абзорҳои мавҷуда, ба монанди тамосҳои сатҳи олӣ, Шӯрои ҳамкорӣ, машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, гурӯҳҳои муштараки байнидоравӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди манфиати ҳамдигар” хоҳад рафт.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар “фазои мусоиди эътимод ва мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст”.
Туркия – шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон
Таҳлилгар Хурсанд Хуррамов (cabar.asia) менависад, ки “Душанбе дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Анкара манфиатдор аст, вале талош мекунад аз сиёсӣ шудани ин муносибатҳо худдорӣ кунад. Ҳукумати дунявии Тоҷикистон, - ба қавли ин коршинос, - ҳама пешрафтҳои ҳизби ҳокими “Адолат ва тараққиёт”-и Эрдуғонро мӯҳтотона қабул мекунад”. Коршинос мегӯяд, баъди хатми ҷанги сард ва пошхӯрии Шӯравӣ Туркия талош кард худро ба ҳайси бозигари муҳими геостратегӣ дар Аврупову Осиёи Марказӣ ба намоиш гузорад ва то андозае талош кард мавқеи Русияро танг кунад. Умумиятҳои мазҳабиву қавмӣ бо мардумони Осиёи Марказӣ, аммо Тоҷикистонро ба таври пурра шомили ин муносибатҳо намекард, аз ин рӯ, ба қавли Хуррамов, Туркия бештар ангезаҳои таърихиву геополитикӣ, на мазҳабӣ доштааст.
Туркия пас аз Чину Русия ва Қазоқистон бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тоҷикистон ба ин кишвар асосан пахтаро дар шакли ашёи хом содир карда матову либосҳоро дар шакли омода аз ин кишвар ворид мекунад. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди кам шудани ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2015, Туркия дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷои чорум ва вобаста ба содироти моли Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дошт. “Таҳлили муқоисавӣ бо соли 2013 нишон медиҳад (беш аз 650 млн. доллари ИМА), ки кишварҳои мо дорои иқтидори бузург барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошанд. Ҳаҷми сармояи Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Бо дарназардошти равандҳои охир дар муносибати ду кишвар метавон густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишварро умедбахш номид”.
Таҳлилгар: Умумиятҳои сиёсии Туркияву ОМ зиёд аст
Мерҳат Шарифҷон, таҳлилгари радиои Озодӣ дар умури минтақа мегӯяд, самтгириҳои сиёсии Туркияе, ки замоне аз муттафиқони қавии Ғарбу Аврупо ва НАТО буд, дар аҳди Эрдуғон хеле тағйир хӯрд. “Кишваре, ки даҳсолаҳо талош дорад вориди Иттиҳодияи Аврупо шавад, дар ин охирҳо хеле ақиб задааст. Яъне Туркияи солҳои 1990--ми аҳди Тонсу Чиллер, Сулаймон Демирел ва Туркияи имрӯзаи Эрдуғон ду чизи комилан мухталиф аст. Баъди ихтилофҳои нимсолаи сари халабони суқутдодашуда, Эрдуғону Путин ба рӯбарӯи ҳамдигар оғӯш боз карданд.
Туркияи имрӯза 100 дар сад набошад ҳам, вале талош дорад бо кишварҳои ба истилоҳ раддимаърака наздик шавад. Кишварҳое, ки онҳо солҳои 1990-ум фаъол буданд, аз ҳамин қабил минтақа ҳастанд – Озарбойҷон, Осиёи Марказӣ ва дигарҳо. Пушт гардонидани Туркия ба арзишҳои демократӣ метавонад ба маънои даст кашидан аз арзишҳои аврупоӣ арзёбӣ шавад, дар ин ҳолат Туркия барои пайдо кардани ҳамфикрон дар миёни ҳаммазҳабонаш дар кишварҳои собиқи шӯравӣ талош мекунад”.
"Шалола" ва саркӯби Гюлен
Туркияро дар даврони Эрдуғон ба поймолкунии меъёрҳои демократӣ зиёд интиқод мекунанд. Нуқтаи авҷи ин интиқодҳо дар паи саркӯби тарафдорони Фатҳулло Гюлен фаро расид. Мақомоти Туркия рӯҳонии маъруф ва шабакаи созмонҳои марбут ба ин сиёсатмадори замоне маъруфу муттафиқи Эрдуғонро баъди он ғайриқонуниву террористӣ эълон карданд, ки 15 июл дар ин кишвар кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ анҷом шуд.
Масъулияти ин ҳодисаҳо ба дӯши рӯҳонии мустақар дар ИМА вогузор ва худи ӯ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифт, даҳҳо ҳазор нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз Гюлен боздошт ва ё аз мақомҳои барканор шуданд. Худи Гюлен ин иттиҳомотро комилан рад кардааст. Мунаққидон гуфтанд, ки Эрдуғон бо ин роҳ мехоҳад аз рақиби муҳим ва пурнуфузи сиёсии худ ниҳоятан халос шавад.
Даъвати бастани шабакаи муассисаҳои таълимии Гюлен дар Осиёи Марказӣ ҳам садо ва танҳо Қирғизистон аз миёни кишварҳои минтақа гуфт, чунин қарорҳоро ин давлат мустақилона ва бо назардошти манфиатҳои худ қабул мекунад.
Тоҷикистон ҷараёни маҳдудсозии кори мактабҳои миёнаи ширкати “Шалола”-и марбут ба Гюлен чанд соли пеш ба таври тадриҷӣ шурӯъ карда буд. Дар маҷмӯъ, дар давоми 10 соли фаъолияти ин шабакаҳо дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд, ҳазорҳо шогирд ба воя расид ва онҳо тавонистанд аз назари савияи дониш дар бозори байналмилалии мактабҳои олии Ғарбу Аврупо рақобатпазир шаванд.
Ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму ҷангиёни ДИИШ
Дар ду-се соли охир исми Туркия дар матбуот ва ҳам забони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон умдатан дар робита бо мавзӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҳаракати шаҳрвандони ин кишвар ба Сурияи ҳаммарзи Туркия садо медиҳад. Бовар меравад, 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, аксаран тавассути Туркия ба қаламравҳои таҳти назорати ДИИШ рафтаанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркия дар амри мубориза бо ҷангиён ДИИШ қаноатманданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо дар се соли охир бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия ба Тоҷикистон беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шуд, ки бо иттиҳоми ҳамкорӣ ва ё нияти пайвастан ба ДИИШ дар ин қаламрав боздошт шудаанд. Ба иттилои як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара, дар зиндонҳои Туркия ҳадди аққал 6 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои мухталифи хусусияти криминаливу маишӣ дошта боздошт шудаанд. Як муттаҳами дигар, ки мунтазири ҳукми додгоҳи олии Туркия аст, Сулаймон Қаюмов, як сокини ноҳияи Восеъ аст, ки барои ширкат дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудааст.