Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ростои таҳримҳои Олмону Фаронса


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бомбаборони Ҳалабро, ки ҳавопаймоҳи Русия ва Сурия анҷом медиҳанд, амали "ғариинсонӣ" номид. Изҳороти Меркел баъди анҷоми нишасти Берлин бо ширкати раисони ҷумҳури Фаронса ва Русия баён дошт. "Ҳамла ба мардуми мулкиро бо ҷанг бар зидди терроризм наметавон тавҷеҳ кард" -гуфт Меркел. Садри аъзами Олмон ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайи Русияро аз эҳтимол дур намедонад.

Президенти Фаронса Франсуа Оланд ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ҳалабро "ҷинояти ҷанг" номид ва аз президенти Русия Владимир даъват кард, ки "таваққуфи башарӣ" дар бомбаборони Ҳалабро тамдид кунад.

Дар навбати худ раҳбари Русия дар изҳороти кӯтоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки тавақуф дар қатъи бомбаборон то ҳадде, ки имкон дорад, тамдид мешавад ва аз Иёлоти Муттаҳида талаб кард, ки тундравҳои исломиро аз мухолифони муътадил ҷудо кунад.

Рӯзи сешанбе Русия таваққуф дар бомбаборони Ҳалаб ва оташбаси ҳашсоатӣ дар рӯзи 20 октябрро эълон кард. Баъди таъкид аз тарафи СММ, оташбас боз то се соати дигар тамдид шуд. Бо қатъи бомбаборонҳо мардуми мулки имкон меёбанд, ки аз минтақаҳои хатарнок берун шаванд. Интизор мерафт, ки шӯришгарон низ аз Ҳалаб берун раванд, аммо онҳо ин пешниҳодро рад карданд.

XS
SM
MD
LG