Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорон нафар аз Мавсил


Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқ мегурезанд, ки онҷо амалиёти поккории шаҳр аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” идома дорад. Созмони имдодии “Наҷоти кӯдакон” рӯзи 19 октябр гуфт, дар даҳ рӯзи гузашта 5 ҳазор нафар марзи Сурияро гузашта ба ӯрдугоҳи Ал-Ҳол омадаанд. Тариқ Қодир, яке аз намояндагони созмон гуфт, шароите, ки ӯрдугоҳ дорад, бисёр бад аст ва бо вуҷуди ин мумкин аст, ҳазорон нафари дигар ба зудӣ ба ин ӯрдугоҳи паноҳандагон биёянд. Созмони Милал гуфт, дар 24 соати гузашта дар ин ӯрдугоҳ 900 нафарро қабул кардааст ва мунтазири қабули 3000 нафари дигар аст, ки қочоқбарон инҷо раҳо кардаанд ва маъмурони амниятӣ онҳоро тафтиш доранд. Ӯрдугоҳи Ал-Ҳол, ки барои 7 ҳазору 500 нафар пешбинӣ шудааст, ҳоло 9 ҳазор паноҳанда дорад ва қарор аст онро васеътар ва барои 50 ҳазор нафар кунанд. Дар ҷануб, шарқ ва шимоли Мавсил ҳам барои қабули паноҳандагон ӯрдугоҳ сохтаанд. Дар ин шаҳри бузурги Ироқ, ки соли 2014 ба дасти гурӯҳи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” афтод, беш аз як миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Нерӯҳои Ироқ ва размандагони курд рӯзи 17 октябр амалиёт барои бозпас гирифтани шаҳрро шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG