Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳзори сафири Русия ба Вазорати хориҷии Белгия


Ба думболи изҳороти Маскав, ки мегӯяд ҳавопаймоҳои Белгия ба мардуми мулкии деҳкадае дар минтақаи Ҳалаб ҳамла карданд, Вазорати хориҷии Белгия сафири Русияро барои шарҳи изҳорот эҳзор кард.

Рӯзи 18 октябр Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Эътилофи таҳти назари Амрико дар Ҳалаб 6 сокини осоишта кушта шуд. Низомиёни Русия гуфтанд, дар ҳамлаи рӯзи 18 октябр чаҳор тани дигар захм бардошта ва ду хона хароб гардидааст.

Ба қавли низомиёни рус, онҳо ду ҳавопаймии ҷангии F-16-и Белгияро дар фазои ин минтақа мушоҳида карданд, дар ҳоле ки ягон ҳавопаймои Русия ё Сурия дида намешуд. Рӯзи чаҳоршанбе Вазири дифои Белгия Стивен Вандепут изҳороти низомиёни русро рад кард ва пахши ин хабарро "иттилоъи ғалат" номид.

Пештар аз ин Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Маскав маҳкум шудани ҳамлаи ҳавоӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳониро интизор аст. Рӯзи 18 октябр Маскав эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоии Русия ва Сурия ба хотири омодагӣ ба оташбаси ҳаштсоата дар рӯзи 20 октябр, бомбаборони шаҳри дар муҳосира қарор доштаи Ҳалабро қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG