Роҳбари ҳайати Қирғизистон дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Мира Карибоева зимни суханронии Қодирҷон Батиров - як мухолифи қирғиз, толори маҷлисро тарк кард. Карибоева бо изҳори норизоӣ ба САҲА гуфтааст, ин созмон ба Қодирҷон Батиров минбар медиҳад, ки бо айби барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷинояти ниҳоят вазнин ғоибона маҳкум шудааст. Карибоева афзудааст, минбар додани САҲА ба Батиров дар Қирғизистон ҳамчун беэҳтиромӣ ба ин кишвар қабул шудааст.