Дар Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 23 сентябр маросими оташсӯзии маводи мухаддир баргузор мешавад. Дар ин маросим дар баробари раҳбарияти ин сохтор, вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Саломат Азимӣ бо як ҳайати баландпояи кишвараш ҳузур хоҳад дошт. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар танӯри оҷонсӣ субҳи ҷумъа беш аз 300 килограмм маводи мухаддире сӯзонида мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти зиёди ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддир аз дасти қочоқчиён мусодира шудааст. Ҳамроҳи хонум вазир як вакили парлумони Афғонистон ва ду нафар аз масъулони вазорати хориҷаи ин кишвар ҳам ширкат хоҳанд кард.
Ду рӯз пеш Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе бо Саломат Азимӣ ҳамкориҳои муштараки ду кишварро дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки дар чанд моҳи соли равон 11 амалиёти муштарак гузаронида шуда, 446 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 331 кг афюн, инчунин 800 литр маводе, ки барои истеҳсоли ҳероин истифода мешавад, мусодира шудааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи кӯшишҳои муштараки ин ниҳодҳо, 11 қочоқчии эҳтимолӣ дастгир ва як лабораторияи пинҳонӣ оид ба истеҳсоли ҳероин ошкор ва нобуд шудааст.