Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ҳамлаи гази хлорин дар Ҳалаб


Гузоришҳо аз Сурия ҳокист, ки баъди эҳтимолан партоб шудани гази хлорин дар шаҳри шимолии Ҳалаб даҳҳо нафар бо мушкили нафаскашӣ рӯбарӯ шудаанд. Созмони бритониёии назорат аз ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, ки 70 нафар дар паи партоб шудани зарфҳои пур аз хлорин дар як маҳаллаи зери назорати мухолифон дар Сукарӣ рӯзи 6 сентябр осеб дидаанд. Ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса дарнагузашт. Гурӯҳи кӯмакҳои изтирории “Ҳимояи шаҳрвандии Сурия”, ки дар манотиқи таҳти назари шӯришиён амал мекунад, гуфт, ки зарфҳои пур аз хлорин аз ҷониби чархболҳои ҳукуматӣ партоб шудаанд. Дар як навори видеоии ин созмон, ки ба Фейсбук роҳ ёфтааст, кӯдаконе намоиш дода шудаанд, ки аз ниқобҳои оксиген истифода мекунанд. Ин созмон як моҳ пеш ҳам дар бораи ду ҳодисаи эҳтимолии партоби гази хлорин хабар дода буд.

Димишқ ҳамеша ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ дар давоми панҷ соли ҷангҳои Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода накардааст. Моҳи август гурӯҳи муфаттишони СММ шаҳодати онро пайдо кард, ки нирӯҳои ҳукуматии Сурия барои ду ҳамлаи гази заҳролуд дар солҳои 2014 ва 2015 масъулият доранд.

XS
SM
MD
LG