Баъд аз пахши хабари дарёфти 2382 раъйи зарурӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон шоми сешанбе, 26 июл рақиби асосии ӯ сенатор аз Вермонт Бернӣ Сандерс зери кафкӯбиҳои аҳли толор хонум Клинтонро номзади Ҳизби демократ ба мақоми раисиҷумҳури ИМА эълон кард.
Ин амалкарди Сандерс барои намоиши якдилии аъзои ҳизб хело муҳим буд, зеро ҷонибдорони ӯ дар ҷараёни праймериз ваъда дода буданд, ки дар анҷумани ҳизб дар Филаделфия аз Клинтон ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.
Дар арафаи анҷумани Ҳизби демократ сомонаи WikiLeaks тақрибан 20 ҳазор номаеро нашр кард, ки, бино ба онҳо, Кумитаи миллии ҳизб асосан барои номзад интихоб шудани хонум Клинтон талош кардааст, дар ҳоле, ки бояд дар мавриди ду довталаби асосӣ – Клинтон ва Сандерс аз бетарафӣ кор мегирифт.
Баъд аз нашри номаҳо раиси Кумитаи миллии ҳизб Дебби Вассерман-Шултс изҳор намуд, ки пас аз хатми анҷуман аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Кумитаи миллии ҳизб аз Сандерс расман узрхоҳӣ кард.
Роббӣ Мук, раиси ситоди интихоботии хонум Клинтон, бошад изҳор намуд, ки дар ифшои мукотибаи Кумитаи миллии Ҳизби демократ ниҳодҳои давлатии Русия даст доранд. Ба гуфтаи Мук, ин боз як далели талоши Кремл барои мудохила ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар ИМА аст.
Барак Обама, раисҷумҳури ИМА ҳам ахиран дар посух ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии NBC мудохилаи Русия ба маъракаи интихоботи президентии Амрикоро мумкин хонд. Ба гуфтаи ӯ, номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп чандин бор аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ситоиш кард ва, аз сӯи дигар, маъракаи интихоботии Трамп дар расонаҳои русӣ мусбӣ инъикос мешавад.
Барак Обама ҳамчунин гуфт, ки ФБР - Хадамоти федеролии тафтишоти ИМА қазияи шикастани системи компютерии раҳбарони Ҳизби демократро тафтиш мекунад. Мутахассисон мегӯянд, ки ин корро ҳакерҳои рус анҷом додаанд. Раисиҷумҳури Амрико ёдовар шуд, ки аз ин пеш ҳам ҳакерҳои Русия борҳо вориди шабакаҳои компутарии шахсӣ ва давлатии Амрико шуда буданд.
Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баъд аз мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ дар Лаос хабари даст доштани Русия дар шикастани системи компютерии раҳбарони Ҳизби демократро қатъӣ рад кард.
Интихоботи президентии ИМА рӯзи 8 ноябри соли равон баргузор мешавад. Чанд рӯз пеш Доналд Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон интихоб шуд.