Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо аз Бернӣ Сандерс маъзарат хостанд


Ҳизби демократи ИМА аз Бернӣ Сандерс барои баъзе “аъмоли нобахшиданӣ” алайҳи ӯ дар ҷараёни праймериз - интихоботи муқаддамотии довталабони ширкат дар интихоботи президентии ИМА маъзарат хост.

Ҳизби демократи Амрико аз Бернӣ Сандерс, яке аз довталабони курсии раисиҷумҳури ИМА, барои баъзе “аъмоли нобахшиданӣ” алайҳи ӯ дар ҷараёни праймериз маъзарат хост. Дар сабқат барои номзади ҳизб дар интихоботи президентӣ рақиби аслии ӯ Ҳилларӣ Клинтон пирӯз шуд.

Дар анҷумани Ҳизби демократ, ки рӯзи 25 июл дар Филаделфия ифтитоҳ шуд, изҳороти Кумитаи миллии Ҳизби демократ пахш шуд, ки дар он аз сенатор Сандерс, ҷонибдорони ӯ ва ҳама аъзои ҳизб узрхоҳӣ шудааст.

Ҷонибдорони Бернӣ Сандерс дар анҷумани миллии ҳизб дар Филаделфия
Ҷонибдорони Бернӣ Сандерс дар анҷумани миллии ҳизб дар Филаделфия

Худи Бернӣ Сандерс дар суханронӣ дар анҷуман аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки аз номзадии Ҳилларӣ Клинтон пуштибонӣ кунанд. Қарор аст, ки хонум Клинтон дар ин анҷуман расман номзади демократҳо дар интихоботи президентии ИМА эълон шавад.

Чанд рӯз пеш сомонаи WikiLeaks тақрибан 20 ҳазор номаеро нашр кард, ки аз онҳо бармеояд Кумитаи миллии ҳизб асосан барои номзад интихоб шудани хонум Клинтон талош кардааст, дар ҳоле, ки бояд дар мавриди ду довталаби асосӣ – Клинтон ва Сандерс аз бетарафӣ кор мегирифт.

Баъд аз нашри номаҳо раиси Кумитаи миллии ҳизб Дебби Вассерман-Шултс изҳор намуд, ки баъд аз хатми анҷуман аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Роббӣ Мук, раиси ситоди интихоботии хонум Клинтон, бошад изҳор намуд, ки дар ифшои мукотибаи Кумитаи миллии Ҳизби демократ ниҳодҳои давлатии Русия даст доранд. Ба гуфтаи Мук, ин боз як далели талоши Кремл барои мудохила ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар ИМА аст.

Хадамоти федеролии ИМА изҳор намуд, ки қазияи “шикастан”-и системи компютерии раҳбарони Ҳизби демократро тафтиш мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ки чопи номаҳо аз сӯи сомонаи WikiLeaks шояд боиси пойин рафтани рейтинги хонум Клинтон шавад, зеро ҳамин моҳ вазорати умури хориҷии ИМА баррасии қазияи аз сӯи ӯ истифода шудани сервери шахсияш барои интиқоли номаҳои расмиро ҳам аз сар гирифт. Соли гузашта Ҳилларӣ Клинтон ҳама мукотибаи худ – тақрибан 55 ҳазор номаи электрониро дар ихтиёри вазорати умури хориҷа гузошта буд. Баъзе аз ин номаҳо нашр шуданд. Нашри як бахши дигари ин номаҳо, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз нигоҳи амниятӣ номумкин аст.

Номзади ҷумҳурихоҳон миллиардер Доналд Трамп дар суханрониҳо алайҳи Клинтон пайваста аз қазияи истифода аз сервери шахсӣ барои интиқоли номаҳои расмӣ ёдовар мешуд.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 8 ноябри соли равон баргузор мешавад. Чанд рӯз пеш Доналд Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG