Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои президенти Туркманистон деҳаи "муваққатӣ" сохтанд (ВИДЕО)


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон чанд рӯз қабл барои кушодани деҳаи навбунёд ба вилояти Лебапи кишвараш сафар кард.

Барои ӯ мулоқоти олӣ ташкил карда, ба кӯчаҳои деҳа гардонида, хонаҳои нав ва бозори пур аз маҳсулотро нишонаш додаанд. Намоиши чандҳазорнафарӣ барои як бинанда ташкил шудааст.

Кӯдакон президентро бо нидои "Салом падари мо! Шумо моро бо нерӯи худ гарм мекунед! Ба деҳаи мо хуш омадед!" пешвоз гирифтаанд.

Аммо ҳамин ки президент аз деҳа берун рафт, ин деҳа ба якборагӣ холӣ шуд. Ҳамроҳ бо одамон қолинҳо ва парчамҳо ҳам нопадид шуданд. Бозор низ холӣ гардид. Ва ҳатто номи деҳаро ҳам пок карданд.

Барои президенти Туркманистон деҳаи "муваққатӣ" сохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

XS
SM
MD
LG