Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров лағв шуд


Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 12 июл ҳукми ҳабси абади фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Азимҷон Аскаровро лағв кард ва парвандаи ӯро барои бозбинӣ ба додгоҳи вилояти Чуй фиристод.

Худи Азимҷон Аскаров, шаҳрванди узбактабори Қирғизистон, ки парвандаашро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад, ҳангоми қироати тасмими Додгоҳӣ олӣ дар толор ҳузур надошт.

Аз ин пеш хабар расида буд, ки бозбинии парвандаи Аскаров дар Додгоҳи олии Қирғизистон бо дархости ӯ ва вакилони мудофеаш сурат мегирад ва дар парванда шароит ё масъалаҳои нав пеш омадааст. Ба гуфтаи вакили мудофеи ӯ Нурбек Токтагулов, ин шароити нав ба дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид иртибот дорад.

21 апрели соли 2016 ин кумита изҳор кард, ки ба дархости Аскаров бояд ҳарчӣ зудтар расидагии бетарафона сурат гирад. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ талаб дорад, ки Аскаров фавран аз зиндон раҳо шавад ва мақомоти Қирғизистон ба ӯ ҷуброн пардохт кунанд.

Кумита бар ин ақида аст, ки Қирғизистон бояд тасмими СММ-ро бипазирад - ҳомиёни ҳуқуқи башар намехоҳанд дар ин мавзӯъ бо мақомоти расмии Қирғизистон вориди баҳс шаванд. Бино ба қарори СММ, боздошти Азимҷон Аскаров ғайриқонунӣ аст ва вай мавриди шиканҷаву озор қарор мегирад.

Аммо Сапар Исҳоқов, раҳбари бахши сиёсати хориҷаи дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба матбуот гуфтааст, ки "додгоҳ дар Қирғизистон мустақил аст ва мақомоти расмӣ наметавонанд ба тасмими он таъсир расонанд”.

“Аз нигоҳи мо, ҳамаи ҷаҳон бар ҷараёни ин мурофиа назорат мекунад ва мо ҳам бояд ҳамаҷониба назорат кунем ва ҳар тасмимеро, ки додгоҳ мегирад, мо онро бояд қабул кунем,” - афзудааст мансабдори қирғиз.

Вакилони мудофеи Аскаров мегӯянд, ки агар нафари таҳти ҳимояти онҳо бегуноҳ эълон нашавад ва ӯро аз зиндон раҳо накунанд, шиканҷааш идома меёбад ва ба ин васила эътибори байналмиллалии Қирғизистон поин меравад, зеро ба парвандаи Аскаров маҳофили байналмиллалӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Азимҷон Аскаров соли 2011 барои даст доштан дар бархӯрдҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар як соли пеш ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Дар ин даргириҳо 450 нафар кушта шуда буданд, ки аксарашон узбакҳо буданд. Аскаровро ҳамчунин дар даст доштан дар куштори як корманди пулис айбдор мекунанд. Созмони Афви Байналмиллал Аскаровро «зиндонии виҷдон» мехонад.

XS
SM
MD
LG