Сарони Созмони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар нишасти Варшава ба созиш расиданд, ки то соли 2017 маъмурияти худ дар Афғонистонро идома хоҳанд дод. Дабири кулли НАТО мегӯяд, ки омӯзиши кадрҳои амнияти Афғонистон то соли оянда ва пуштибонии молӣ аз ин нерӯҳо то соли 2020, идома хоҳад ёфт.
Дабири кулли созмони НАТО Ҷенс Столтенберг дар рӯзи дувуми нишасти сарони Созмони Атлантикаи Шимолӣ, ки дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон идома дорад, эълон кард, ки Афғонистон танҳо нахоҳад монд. Оқои Столтербер маъмурияти пуштибонӣ аз нерӯҳои афғонро як маъмурияти ғайриҷангӣ хонд, ки ҳадаф аз он, омӯзиш ва ҳамкорӣ бо артиш ва пулиси Афғонистон аст.
Вай гуфт, ки "вазъият дар Афғонистон душвор аст ва албатта мо шоҳиди хушунатҳо, ҳамлаҳои террористӣ ҳастем ва интизор надорем вазъият ба зудӣ беҳбуд ёбад. Яъне вазъияти чолишбарангез дар Афғонистон идома хоҳад ёфт. Мушаххасан аз ҳамин рӯ, мо ба идомаи ҳимоят аз афғонҳо тасмим гирифтем. Чун онҳо ба ҳимояти мо ниёз доранд."
Дабири кулли паймони НАТО афзуд, маъмурияти ҷангии ин созмон дар Афғонистон 2 сол пеш, баъд аз тақвияти артиш ва нерӯҳои амниятии он кишвар, ки ба гуфтаи ӯ "қодир ба пазириши масъулияти комили барқарории амният ва ин кишвар шуда буд", ба анҷом расид.
Ҳудуди 12 ҳазор сарбози НАТО ва Амрико дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир машғули тамрини артиш ва нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошанд.
Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, муттаҳидони НАТО ба Амрико ваъда додаанд, ки дар се соли оянда соле як миллиард доллар барои кӯмак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ҷудо хоҳад кард. Оқои Столтенберг афзуд, ки НАТО ҳоло як миллиард доллар аз ваъдаҳои молии ғайриамрикоиро дар даст дорад.
Дар нишасти сарони паймони НАТО, ки рӯзи гузашта дар Варшава оғоз шуд, раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ширкат доранд.
Дабири кулли НАТО ҳамзамон аз тасмими раиси ҷумҳури Амрико барои нигоҳ доштани 8400 сарбози Амрико то охири январи соли 2017, истиқбол кард. Маъмурияти низомии НАТО дар Афғонистон дар поёни соли 2014 ба анҷом расид ва ҳоло ин нерӯҳо ба омӯзиши нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон машғул мебошанд.
Нерӯҳои НАТО дар соли 2001 пас аз ҳамлаи Ал-Қоида ба Амрико, вориди Афғонистон шуданд ва ҳукумати Толибонро сарнагун карданд. Аммо аз он замон то ба ҳол Афғонистон дар ҳолати нооромӣ ба сар мебарад ва дар бархе аз минтақаҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ҳузури густурда доранд.