Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи як мубаллиғи тоҷики ДИИШ дар вилояти Яҳудиён


Биробиҷон - маркази вилояти мухтори Яҳудиёни Русия
Биробиҷон - маркази вилояти мухтори Яҳудиёни Русия

Додгоҳи вилояти мухтори Яҳудиёни Русия алайҳи як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва ҷалби афроди дигар ба фаъолиятҳои террористӣ парванда кушодааст. Додситонии вилоят рӯзи 4 июл хабар дод, ки ин ҷавони 21-солаи тоҷик, ки алакай шаҳрванди Русия шуда буд, дар қаламрави Сурия дар сафи “Давлати исломӣ” ҷангида, дониста ба ҷӯстуҷӯи афрод ва ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҳам машғул будааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ҷавони тоҷик бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 (кумак ба фаъолиятҳои террористӣ) ва қисми сеюми моддаи 30 (қасди ҷиноят)–и Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст. Қонунгузории Русия барои кумак ба фаъолиятҳои террористӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон ҳамроҳ бо 500 ҳазор рубл ҷаримаро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG