Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои кӯтоҳ ва тасвирҳое ба нашр расидаанд, ки нишон медиҳанд, Муфтӣ Абдулқавӣ бо як зеборӯи покистонӣ дар утоқе танҳо ҳастанд. Дар ин тасвирҳо дида мешавад, ки Мулло Абдулқавӣ дар моҳи Рамазон дар канори Қандил Балуҷ, як зеборӯ ва ситораи интернетӣ дар Покистон шона ба шона нишастаанд.
Дар яке аз ин аксҳо Қандил Балуҷ, ки либоси танге ба бар дорад, кулоҳи Муфтӣ Абдулқавиро ба сар кардааст ва бозувонаш ҳам намоён аст. Дар акси дигар Қандил Балуҷ бо ишва ба назар мерасад ва Муфтӣ Абдулқавӣ дар канори Қандил Балуҷ ва дар даст телефон сӯҳбат мекунад. Аксҳои мазкурро Қандил Балуҷ дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук нашр кардааст, ки онро ҳазорон нафар дидаву ба дӯстонашон фиристодаанд.
Баъди нашри ин аксҳо, олими динии Покистон дар мусоҳибаҳои телевизионӣ гуфтааст, ки Қандил Балуҷ худаш хост, бо ӯ мулоқот кунад. Ба қавли ӯ Муфтӣ Абдулқавӣ, ҳангоме ки ӯ саргарми сӯҳбати телефонӣ буд, хонум Балуҷ кулоҳашро гирифта ба сари худаш гузошта ва аксҳои “селфӣ” бардошт.
Аммо Қандил Балуҷ дар мусоҳибаҳои гуногуни телевизионӣ гуфтааст, ки Мулло Абдулқавӣ худаш зимни як барнома дар гузашта ӯро ба мулоқот хостааст, “то пеш аз ифтор ба моҳи рӯи ӯ бингарад ва бо муҳаббати рӯи у ифтор кунад.”
Олими динии Покистон гуфтааст, ки Қандил Балуҷ дар ҳаққи ӯ тӯҳмат мекунад, зеро мехост, ин духтарро "ба роҳи рост ҳидоят кунад ва ба ӯ насиҳат кардааст, ки дар моҳи Рамазон намоз бихонад."
Баъди ғавғову ҳаёҳу дар бораи рафтори ин олими динӣ дар Покистон, Муфтӣ Абдулқавиро аз узвияти Кумитаи Рӯъёи Ҳилол, хориҷ карданд. Кумитаи мазкур, ки тобеи вазорати умури динии Покистон аст, баъди мушоҳидаи моҳ рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбонро эълон мекунад ва як кумитаи мӯътабар ба ҳисоб меравад.
Ҳамдуллоҳ як вакили мардумии покистонӣ ва узви кумитаи мазкур рафтори Муфтӣ Абдулқавиро танқид карда ва гуфтааст, “агар донишмандоне мисли Муфтӣ Қавӣ метавонанд, узви Кумитаи Рӯъёи Ҳилол бошанд, пас Қандил Балуҷ ҳам метавонад, узви ин кумита шавад."
Соли гузашта Тоҳир Ашрафӣ, як рӯҳонии дигари шинохтаи Покистон ба сарнавишти шабеҳ дучор шуд. Ӯро баъдан ҳангоми маст ронандагӣ кардан дастгир карда ва ба зиндон маҳкум намуданд.