Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шарти БАСР барои додани 40 миллион доллар ба Тоҷикистон


Дмитрий Панкин, роҳбари раёсати Бунёди АвруОсиёии Субот ва Рушд
Дмитрий Панкин, роҳбари раёсати Бунёди АвруОсиёии Субот ва Рушд

Бунёди АвруОсиёии Субот ва Рушд ​(Евразийского фонда стабилизации и развития) барои кумак ба буҷаи Тоҷикистон 40 миллион доллар қарз хоҳад дод.

Алишер Мирзоев, роҳбар барномаи қарзҳои БАСР дар як сӯҳбати катбӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 22-уми июн гуфт, бунёди мазкур ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта ихтисоси 40 миллион доллар қарзро ба Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда буд. Аммо ба таъкиди Мирзоев, Тоҷикистон барои гирифтани қисмати аввали ин қарз дар ҳаҷми 20 миллион доллар бояд якчанд шартҳоро иҷро мекарданд. Аз ҷумла, қурбҳои гуногуни асъорро дар бозори арз аз байн бурда, аз таҷрибаи додани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба ширкатҳои алоҳида даст мекашид.

“Дар моҳи апрел ва майи соли равон намояндагони мо барои санҷиши иҷрои ин шартҳо ба Тоҷикистон рафта тасдиқ карданд, ки кишвар ин шартҳоро иҷро кардааст. Аммо бо ин вуҷуд кишварро зарур аст, наҳваи ташакули бозори қурби асъоро идома бидиҳад ва дар оянда нагузорад, ки дар бозори арз якчанд қурби асъор ба миён ояд”, иброз доштааст Мирзоев. Ин масъули БАСР гуфтааст, қарзи 40 миллион долларӣ бо баҳраи 1 дарсади солона ба муҳлати на бештар аз 20 сол ба Тоҷикистон дода мешавад. Мӯҳлати имтиёзноки пардохти қарз бошад то 5 сол муқаррар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Панкин, роҳбари раёсати БАТР дар сӯҳбат ба расонаҳои Русия гуфта буд, Шӯрои бунёди авроосиёии субот ва рушд ихтисоси 40 миллион доллар қарзро барои кӯмак ба будҷаи Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардааст, аммо аз он дар ташвиш аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба шумораи зиёди соҳибкорони маҳаллӣ тавассути гурӯҳҳои лоббиашон дар Ҳукумат имтиёзҳои андозӣ ба даст овардаанд, вале аз ин ба иқтисоди кишвар фоидае нест.

“Бар замми ин мо аз он нигаронем, ки масъулиятҳои сектори бонкӣ ба дӯши будҷет наафтад, чунки чунин риске вуҷуд дорад”, иброз доштааст Панкин. Ишорае Панкин ба “сектори бонкӣ” ва “будҷа” ба пардохтнопазир шудани бархе аз бонкҳо дар Тоҷикистон дахл дорад, ки дар сурати муфлис шуданашон давлат маҷбур мешавад аз ҳисоби будҷа ин қабил бонкҳоро наҷот бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик мегӯянд, ихтисоси 40 миллион доллар аз сӯи Бунёди таҳти нуфузи Русия дар шароти сахти иқтисоди Тоҷикистонро як навъ кушиши моил кардани Тоҷикистон ба узвият дар Иттиҳоди иқтисоди Авроосиё аст.

Абуғанӣ Муҳаммадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: “Созмони иқтисодии Авросиё бо ҳар роҳ талош мекунад Тоҷикистон шомили он шавад. Ҳам бо роҳи сиёсӣ ва ҳам бо роҳи ҷудо намудани чунин маблағҳо. Аммо аз ҳар тарафе назар накунем бо шомил шудани кишвар ба ин созмон манфиатҳои милли Тоҷикистон сарфи назар мешаванд”.

Бунёди авроосиёии тавозун ва рушд бо сармояи 8, 5 миллиард доллар ҳанӯз соли 2009-ум аз сӯи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аммо сарпарасти аслии ин бунёд худи Русия аст, чунки 88 дарсади сармояи ин бунёд ва ё 7,5 миллиард доллари онро пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG