Рӯзномаи "Вошингтон пост" рӯзи ҷумъаи 10-уми июн бо эълони ин хабар навишт, бовар кардани ин кор сахт аст, ки китоби "Набарди ман" дар қарни бистуякум низ дар радифи пурфурӯштарин китобҳо боқӣ мондааст. II Giornale дар Итолия як рӯзномае мебошад, ки бо доштани дидгоҳҳои дастиростӣ машҳур аст. Ба навиштаи Вошингтон Пост, Il Giornale китоби "Набарди ман"-ро бидуни ҳеҷ гуна шарҳи иловагӣ ва ҳамон тавр, ки Гилтер навишта буд, тақсим мекунад.
Рӯзномаи Il Giornale дар шарҳи ин иқдоми худ навиштааст, ки "Гитлер чеҳраи ҷанҷолбарангез буд. Ин воқеият, ки дар дарсҳои вобаста ба Ҳолокост ва ё ҷанги Олмон бо Шӯравӣ дар мавриди Гитлер гуфта намешавад, як нуқс аст, набояд ӯро пинҳон кард."
Аз моҳи январи имсол "Набарди ман" дубора дар Олмон ба таври маҳдуд ба фурӯш меравад. Фурӯши нусхаи бидуни "тавзеҳот"-и китоб дар Олмон ба таври қатъӣ манъ аст ва ба навиштаи "Вошингтон пост", барои ҳамин созмонҳои ростгарои ифротӣ дар садади тавзеи нусхаи аслии он ва бидуни тавзеҳот ҳастанд.
Дар замони ҳукумати фашистҳо омӯзонидани "Набарди ман" дар мактабҳо ҳатмӣ буд ва пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бознашри китоб дар Олмон имкон надошт. Тибқи қонунҳои Олмон, иёлати Бавария соҳиби ҳукуқи осори Гитлер буд, аммо ин минтақа бознашри ин китобро ба муддати ҳафтод сол манъ кард. Ин мамнӯият авоили соли 2015 ба поён расид ва аз он ба баъд, тарафдорони андешаҳои Гитлер дар садади нашри дубораи китоб афтоданд.
"Набарди ман" китобе аст, ки ба забони олмонӣ дар ҳаҷми 720 саҳифа навишта шуда ва андешаҳои сиёсии раҳбари пешини Олмон Гитлерро дар бар мегирад. Вақте, ки Гитлер дар ҷавонӣ дар соли 1924 ба иттиҳоми "хиёнат" дар зиндони Люксенбург дар ҳабс буд, матни китобро ба котиби худ, ки дар зиндон бо ҳам буданд, дикта кард. Як сол баъд ҷилди нахусти китоб бо номи "Тасвияи ҳисоб" ва сипас ҷилди дувум бо номи "Ҷунбиши сотсиализми миллӣ" нашр шуд.
Аммо нашркунандагони олмонӣ он вақт бинобар дароз будани номи китоб, ки "Набард дар баробари дурӯғ, ҳамоқат ва буздилӣ" интишор ёфта буд, номи онро ба "Набарди ман" тағйир дод. Ҷилди нахусти "Набарди ман" дар дувоздаҳ фасл, аз даврони кӯдакии Гитлер то шаклгирии Ҳизби миллӣ-сотсиалистиро дар бар мегирад. Ҷилди дувуми китоб дар понздаҳ фасл, аз ақидаҳои фалсафии ин ҳизб оғоз шуда ва ба баррасии сиёсатҳое, ки ҳар "олмонии вафодор ба манфиатҳои миллӣ" бояд дар пеш бигирад, мепардозад.
Як рӯзномаи исроилӣ низ навиштааст, ки китоби "Набарди ман" бори дигар дар радифи пурфурӯштари китобҳои ҷаҳон қарор гирифтааст ва фурӯши интернетии он ба вижа дар Амрико ва Аврупо афзоиш ёфтааст. Ин китоб дар Эрон 18 маротиба ба забони форсӣ нашр шудааст.