Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони се корхонаи кимиёии Талко дар Ёвон


Се корхонаи истеҳсоли маводи кимиёии мутааллиқ ба ширкати алюминиюми тоҷик – Талко дар ноҳияи Ёвон моҳи августи соли ҷорӣ ба кор оғоз мекунанд. Мақомоти Талко 10 июн ба Озодӣ гуфтанд, ки дар ин корхонаҳо кислотаи сулфат, криолит ва фториди алюминий истеҳсол шуда, барои ниёзи ширкати алюминиюм ва корхонаҳои дигари саноатии кишвар истифода хоҳад шуд. То ин дам ин маводи кимиёӣ асосан аз хориҷ ворид карда мешуд.

Мирзоалӣ Юнусалиев, сармуҳандиси яке аз корхонаҳои нави кимиёӣ дар Ёвон, гуфт, дар як сол дар ин корхонаҳо 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат, 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна фториди алюминий истеҳсол шуда, 40 дарсадаш ба хориҷи кишвар содир мешавад. “Шаст дарсади ин миқдор маводи кимиёӣ барои корхонаҳои дохилист. Аз ҷумла, маҳсулоти иловагӣ аз криолит, яъне гаҷ ба корхонаи коркарди варақҳои гаҷ дар ноҳияи Ёвон фурӯхта мешавад. Чанде аз ширкатҳо аз Озорбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Ҳиндустон низ барои харидани криолит таваҷҷуҳ кардаанд,” – гуфт Мирзоалӣ Юнусалиев.

Пули сохтмони ин се корхона 126 миллион доллар буда, беш аз 88 миллион долларашро “Эксимбонк”-и Чин додааст. Маҳсулоти хом барои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат аз кони маъдани Такоб, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, оварда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG