Исми Қаҳҳор Маҳкамов, ки рӯзи 8 июн дар синни 84 аз олам чашм пӯшид, дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам ба унвони нахустин раҳбари аввали ин кишвар, ки таҳти фишор тазоҳуроти мардум истеъфо дод, боқӣ мемонад. Раиси ҷумҳури аввалини кишвар, ки аз бемории ғадуди простата ранҷ мекашид, дар иҳотаи фарзандону наздиконаш дар Душанбе ҷон дод.
Қаҳҳор Маҳкамов тақрибан то поёни умраш, тайи чоряк асри рафтанаш аз мақом аз ҳар навъ изҳори назар дар масоили доғи кишвар ва ё мудохила дар умури раҳбарӣ ҳадалимкон парҳез мекард. Ва чунин ба назар мерасид, ки аз 300 сомонӣ нафақаи президентие, ки барояш муқаррар кардаанд ва мақоми вакили умрбоди Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайси нахустин президенти Тоҷикистон ба ӯ доданд, худу розист.
Аммо дар як соли охири зиндагиаш Қаҳҳор Маҳкамов, мисле ки рафтанашро дарк мекард, ки дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳими Усмон қариб ду соат бо сӯҳбат кард, дарди дилашро гуфт ва тавре аз чанд мусоҳибааш дар ин давра бо матбуот бармеояд, ҳанӯз дар дил гуфтаниҳои зиёд дошт.
Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, ибтидо техникуми саноатии Душанбе ва соли 1953 Донишкадаи кӯҳкории Ленинград, Петербурги кунуниро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар конги ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симати раиси идораи “Тоҷикангишт” сабзид.
Соли 1963, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди 19 соли кор дар ин мақом дар соли 1982 раиси Шӯрои вазирон ва соли 1985, баъди барканории Раҳмон Набиев котиби якуми ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими вақти Тоҷикистон шуд.
Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва 30 ноябри ҳамон сол аз сӯи парлумон раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. 30 августи соли 1991 , ҳамаӣ 9 моҳ баъд аз расиданаш ба ин мақом ва ҳамагӣ як ҳафта баъд аз шикасти ГКЧП дар Маскав, таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод. Ба ҷои ӯ ба мақоми президентӣ Раҳмон Набиев баргашт, нафаре ки дар соли 1985 курсии раҳбари аввали Тоҷикистонро Маҳкамов маҳз аз ӯ гирифта буд.
Баъди тарки мақом Маҳкамов то соли 2007 мушовири ширкати “Шукур” буд, ки соҳибкори шаҳринавӣ Амири Шукур ба хотири сохтани як корхонаи шиша таъсис дода буд. Аз соли 2000- узви Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон буд.
Қаҳҳор Маҳкамовро ҳамсафонаш ба сурати умум як нафари донишманд, ҳалим ва пуркор тавсиф мекунанд. Мегӯянд, ки ӯ дар миёни клани дар аҳди шӯравӣ бар Тоҷикистон ҳокими Хуҷанд низ фарқ мекард ва дар соли 1963, дар синни ҳамагӣ 31 ба симати дар сохтори иқтисоди плании шӯравӣ фавқулода муҳими Госплан расидани Маҳкамов низ ҳокист, ки ин клани ҳоким ҳанӯз аз ҳамон овони ҷавониаш аз Қаҳҳор Маҳкамов “умеди бисёр” дошт.
Қариб ду даҳсолаи кор дар раёсати Госплан, 3 соли баъд аз он дар мақоми сарвазир ва сипас курсии котиби аввали ҳизби коммунист, ки амалан раҳбари аввали Тоҷикистон буд, ва 9 моҳи президентӣ – дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Қаҳҳор Маҳкамов тақрибан 28 сол дар сафи нухбагони аввали сиёсати Тоҷикистон қарор дошт ва 6 соли охираш дар мақоми аввали раҳбарии ин кишвар. Ва ин солҳое буд, ки дар таърихи он замон солҳои бунёди “сотсиализми мутараққӣ” ёд мешуд, ки баъдан дар замони бозсозӣ баръакс даврони рукуд ном гирифт.
Бузургтарин иншооти саноатии Тоҷикистони имрӯз, аз ҷумла нирӯгоҳи Норак ва корхонаи алюминсозии Турсунзода низ маҳсули давронест, ки Маҳкамов ба Госплан раҳбарӣ мекард ва табъан дар иҷрои ин тарҳҳои бузург саҳим буд.
Аммо соли 1985, Қаҳҳор Маҳкамов вақте дар пайи бо Маскав бад шудани муносибатҳои Раҳмон Набиев ба мақоми аввал расид, Шӯравӣ вориди марҳалаи бозсозӣ мешуд.
Маҳкамов, албатта, аз нигоҳи ақидатӣ коммунисти муҳофизакор буд ва тавре аз сӯҳбатҳои ангуштшумораш бо матбуот дида мешавад, зиёд аз сиёсати бозсозии раҳбари вақти Шӯравӣ Михали Горбачёв хушаш намеомад. Вале ӯ ҳамчун як нафари тобеъ ба Маскав ва фармонбардор мулзам буд, дар ҳавои дастурҳое ки аз Кремл барояш меомад, иқдомҳое рӯи даст бигирад, ки мабодо Тоҷикистон дар сабқати бозсозии вақт сусту ақибмонда ба назар наояд.
Таъсиси созмони “Рӯбарӯ” – нахустин маҳфили баҳс бо ширкати мухолифин – аз ибтикороти ҳокимони вақти Душанбе буд. Ҳамин тавр, намояндагони Маҳкамов бо ҳидояти Маскав қишрҳои фаъолро ба таъсиси ҷунбишҳои пуштибони бозсозӣ ба гунаи Фронтҳои халқии Эстонияву Латвия ва Саюдиси Литва ташвиқ мекарданд, ки натиҷааш дар марҳалаи аввал ба суфуфи созмони мардумии “Растохез” рехтани фавҷи рӯшанфикрони наздик ба ҳукумати вақт ҳам шуд.
То нимаи солҳои 80 дар майдони сиёсати Тоҷикистон нақши аввал бо клани Хуҷанд буд ва тақрибан ҳамаи курсиҳои муҳими давлатиро намояндагони он дар даст доштанд. Дар аҳди Маҳкамов, албатта, бо ҳидояти Маскав, ин шеваи давлатдорӣ низ каме бозбинӣ шуд ва барои нахустин бор симати сарвазирро ба намояндаи Кӯлоб Изаттуллоҳ Ҳаёев доданд.
Ҳамин тавр, Муҳаммадаёз Навҷувонов – намояндаи Бадахшон - вазири умури дохила ва Бӯрӣ Каримов ба намояндагӣ аз элитаҳои водии Рашт ибтидо дар синни 28-солагӣ вазири роҳ ва ду сол баъд раиси Госплан таъйин шуд. Ба идорае , ки тайи 19 сол худи Маҳкамов раҳбарӣ мекард ва дуруст дар ҳамон синни 31, ки Маҳкамов ҳангоми расиданаш ба ин симат дошт.
Қаҳҳор Маҳкамов ҳамин тавр, нисбат ба он гурӯҳи равшанфикрон, ки рӯҳияи миллӣ доштанд, нисбат ба пешгузаштагонаш ҳусни бештари таҳаммул нишон медод ва гоҳ-гоҳе бархе аз ин равшанфикронро ба симатҳои муҳим таъйин низ мекард, ки намунаҳояш интисоби Акбари Турсон ба раёсати Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, таъсиси Бунёди фарҳангу маҷаллаи “Фарҳанг” таҳти раёсати Гулрухсор, ба раёсати Иттиҳоди синамогарон овардани Давлат Худоназаров, пирӯзии ин дуи ахир ва ҳам шоирони маъруф Лоиқу Мӯъмини Қаноат дар интихоботи вукалои парлумони Иттиҳоди шӯравӣ ва ба симати муовини сарвазир таъйин кардани Отахон Латифист, ки он замон хабарнигори “Правда” буд.
Аҳли зиё аз як назокати дигари шеваи раёсати Қаҳҳор Маҳкамов низ ёд мекунанд, ки дар бархе масоили муҳим бо равшанфикрон сари маслиҳат нишастани ӯст. Ҳамин маслиҳатҳо натиҷа дод, ки ӯ дар соли 1989 ҳатто талаби эътои мақоми давлатӣ ба забони тоҷикиро иҷро кунад ва худаш ҳам ба сахтӣ, вале кам-кам ба истифодаи забони тоҷикӣ гузарад.
Вале соли 1990, вақте мардум ба маркази Душанбе ба тазоҳурот рехту ҳукумат бо даъвати нирӯҳои Артиши ШӮравӣ эътирозгаронро саркӯб кард, марҳалаи наву сахте дар раёсати Қаҳҳор Маҳкамов оғоз шуд. Ӯ баъди ду моҳи саркӯби ин тазоҳурот раиси Шӯрои Олӣ ва дар поёни соли 1990 дар парлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале маълум мешуд, ки ҷомиа хуни 25 қурбонии эътирозҳои феврали 1990-ро ба Маҳкамов набахшидааст.
Бовар меравад, ки маҳз ҳаводиси феврали соли 1990 Тоҷикистонро дар масири каҷе андохт, ки оқибаташ силсилаи эътирозҳо ва истеъфоҳои пайдарпайи раҳбарони аввали кишвар дар тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 шуд ва охируламр ин кишварро дар ниҳоят ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ тела дод.
Дар поёни августи соли 1991, билофосила баъди шикасти ГКЧП тазоҳургарон дигарбора ба маркази Душанбе рехтанд ва истеъфои Қаҳҳор Маҳкамовро дар байн гузоштанд.
Ва ҳизби коммунист, ки баъди шикасти ГКЧП дар як вазъи танг қарор гирифта буд, барои таскин додани издиҳоми шӯрида розӣ шуд, ки Қаҳҳор Маҳкамовро қурбон кунад. Ӯро дар иҷлосияи Шӯрои олӣ ҳамонҳое аз кор гирифтанд, ки 9 моҳ қабл ба ин мақом интихоб карда буданд.
Маҳкамов то охирин лаҳза ва то даме, ки ҳатто ёрони наздиктаринаш ҳам ба минбар баланд шуданд ва истеъфои ӯро хостанд, ба ончӣ ки дар он толор мегузашт, бовар намекард ваё намехост бовар кунад.
Ва вақте дид, ки танҳои танҳо мондааст ва бояд биравад, ин як ҷумлаи таърихиашро гуфт, ки: "Ман меравам, вале шумо баъди ман пушаймон хоҳед шуд!”