Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Каромат Шариповро дар Русия мебанданд?


Додгоҳи Олии Русия тасмим гирифтааст, ки ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар қаламрави Русияро бибандад.

Дар ин бора Додгоҳи Олӣ ба ин созмони ҷамъиятӣ даъватнома фиристодааст ва хостааст, ки 2 июн соати 10: 00 ба вақти Масква раҳбарони ин созмон ба бинои Додгоҳи Олӣ ҳозир шаванд ва дар мурофиаи додгоҳӣ барои мамнуъ эълон кардани фаъолияти ин созмон ширкат ҷӯянд.

Каромат Шарипов-раиси ҷунбиши ҷамъияти умумируссиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, вале изҳори умед кард, ки фаъолияти созмонаш мамнуъ эълон нахоҳад шуд, зеро онҳо далелҳои зиёде доранд, то додгоҳро барои идомаи фаъолият бовар кунонанд.

Ин созмон дорои торнамои мустақил, нашрия бо номи "Голос Таджикистанцев" ва ҳатто шабакаи телевизионӣ аст ва дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия мавод нашр мекунад.

Ба гуфтаи Шарипов, созмони мазкур дар саросари Русия 48 шӯъба дорад ва ин созмон аз соли 2008 дар вазорати адлияи Русия ба таври расмӣ сабти ном шудааст. Оқои Шарипов мегӯяд, ҳатто дар сурати бастан ин созмон фаъолияти худро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG