Ҳар қадар рост бигӯӣ, ба хато мепечӣ,
Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ.
Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр,
Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ.
Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ
Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба Худо мепечӣ.
З-осмон дастату поят зи замин канда шавад,
Аз ҷазо гар бигурезӣ, ба қазо мепечӣ.
Гар насӯзӣ ба ғами халқ, бисӯзад гӯрат,
Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ.
Ба ту мегӯяму бар хешу ба ҳар каҷрафтор:
Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мепечӣ?
***
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт.
Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зуд
Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт.
Ниҳоли гул фитод аз по, умеди бехазонӣ мурд,
Хазонрез омад овони гулафшонӣ, ҷавонӣ рафт.
Дилам аз ларзиши ҳар сина андар сина меларзид,
Куҷо он синаю он синаларзонӣ? Ҷавонӣ рафт.
Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,
Куҷо он косаю он косагардонӣ? Ҷавонӣ рафт.
Бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамро
Хати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ, ҷавонӣ рафт.
Бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест,
Ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт.
На дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд,
Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ? Ҷавонӣ рафт.
***
Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид?
Камоли умр гузашту заволи умр расид!
Биёр ҷоми булӯрин, ки дурди ашки мост,
Булӯри умр гузашту сафоли умр расид.
Тамизи неку бади зиндагӣ надонистем,
Зулоли умр гузашту залоли умр расид.
Ҷавониё, ту ҷамоли умедҳо будӣ,
Ҷалоли умр гузашту муҳоли умр расид.
Куҷо биҷӯямат, айдун, ҷавониё, бидруд!
Савоби умр гузашту вуболи умр расид.
Аё хурӯши ҷавонӣ, ба ёди ман биштоб,
Биё, ки охирин оҳи маҷоли умр расид.
Замони пурсиши дил аз забони ёр гузашт,
Замони посухи так-так суоли умр расид...
***
Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст,
Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст.
Чу ҳар хору хасе даъвои шеъру шоирӣ дорад,
Дилам аз шоирӣ мондасту аз шеъру сухан мондаст.
Биё дар шаҳри холӣ, табъи олӣ, хошарӯбӣ кун,
Ҳунар аз осмон афтода, помоли лаҷан мондаст.
Ҷавонони саодатманд масти банги бенангӣ,
На шукри пирмардону на поси пирзан мондаст.
Куҷо мушти қавӣ, к-ин муштҳоро пушти сар тобад,
Ки рӯзи халқ андар мушти муште муштзан мондаст.
Тарозу имтиёзе буд, ҳар гову харе балъид,
Тарози ҳол бесоҳиб – куланги гӯркан мондаст.
Ҳама аз дарди миллат ҳарф мегӯянду қатъи ҷанг,
Давоми ҷанг – баҳри ҷоҳ ҷанги тан ба тан мондаст.
Дигар чизе намонда, то дилат бо он биомезад,
Агар худро биёвезӣ, фақат як газ расан мондаст.
На аз худ, на зи бегона умеди офият дорам,
Дилам аз дӯстон мондаст, ҳам аз хештан мондаст.
Муқимони Душанбе гӯиё андар ғарибиянд,
Дар ин шаҳри баҳорафшон басе байтулҳазан мондаст.
Дигар дар домани саҳро бисоти нуқлу май беҷост,
Ки хуни сад ҷавон дар домани дашту даман мондаст.
Чу ман мирам, дилам як зарраи ин хок хоҳад шуд,
Агарчанде дилам имрӯз аз ин халқу Ватан мондаст.
Бад-ин минвол, агар тақдир бетадбир хоҳад буд,
Аҷаб набвад, агар гӯянд Лоиқ бекафан мондаст...
***
Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург
Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст, ки мо.
Миллате дар раҳи тақдир бад-ин танҳоӣ
Ба чунин вартаи муҳлик нарасидаст, ки мо.
Миллате аз қалами рафта бар аъмоли башар
Ин қадар бӯи уқубат нашамидаст, ки мо.
Миллате беҷиҳате бо сари пуршӯру баланд
Дар сари дори аҷониб натапидаст, ки мо.
Ҳеҷ қавме ба чунин нокасию нохалафӣ
Хуни ҳамхуни худашро намакидаст, ки мо.
Миллате дар ҳама айём бад-ин бешарафӣ
Синаи модари худро набуридаст, ки мо.
Ҳеҷ кас зери ниқоб омада баҳри зару сим,
Ҷигари ҳамнасабашро надаридаст, ки мо.
Ҳеҷ фарде зи сари кин ба ҷигаргоҳи падар
Дашнаи ташнаи хунро нахалидаст, ки мо.
...Оҳу афсӯс, ки дар ҳошияи таърихем,
Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидаст, ки мо.
***
Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр.
Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам,
Бибарам дар нигаҳам аз нигаҳат ламъаи нур.
Нафаси бозпасинам нафаси гарми ту бод,
Бишнавам нафҳаи ту, то бидамад нафхаи сур.
Рӯи ту бинаму бидруд кунам рӯи ҷаҳон,
Қурби ту хоҳаму з-он пас бишавам аҳли қубур.
Эй хуш он дам, ки дар оғӯши ту ҷон биспорам,
Пас зи ту дур шавам, дур шавам, дур... ба гӯр...
***
Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо,
Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо.
Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
То қуллаи мақсуд тапишҳои тавонкоҳ,
Охир ба сад афсӯс сарозер шуданҳо.
Худ тири заминем, вале ҳеҷ надонем,
Бо қадди камон худ чӣ бувад тир шуданҳо?
Масруфи хазон аст гулафшони баҳорон,
Бидруди ҷаҳон аст ҷаҳонгир шуданҳо.
Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд,
Он беҳ ки бимирем аз ин мир шуданҳо.