Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаби офтобӣ" дар баландии 2000 метр


Мактаби деҳаи Ғусгеф дар дараи Ромит чаҳор фасли сол барқу гармӣ надорад ва хонандагон маҷбуранд, ки дар синфхонаҳои сарду торики мактаб бо либоси ғафсу нороҳат дарс бихонанд.

“Синфхонаи рӯшану барҳаво ва гарм”. Наврасони деҳаи Ғузгефи дараи Ромит мактаби орзуҳои худро дар расм чунин тасвир кардаанд. Деҳае дар 110-километрии Душанбе, ки дар 4 фасли сол барқ надорад ва хонандагон ҳам маҷбуранд дар синфхонаҳои торику сарди мактаб бо либоси ғафсу нороҳат дарс хонанд.

Хонандагон мегӯянд, агар синфхонаҳо гарму рӯшан бошад, таҳсили онҳо низ хуб хоҳад шуд.

Маблағи амалисозии орзуи ин хонандагон, ки фақат доштани шароити беҳтар барои таҳсил аст, 16 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Барои ҷамъоварии ин маблағ ахиран дар Тоҷикистон маъракае бо номи “Мактаби офтобӣ” шурӯъ шуд.

Ташаббускорони ин иқдом гурӯҳи ҷавононе, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, мехоҳанд бо истифода аз таҷрубаи маъруф дар ҷаҳон, яъне маъракаи краундфандинг, орзуи кӯчаки кӯдаконро амалӣ ва як мактаби дурдасти кишварро рӯшан кунанд.

Таҳсил дар синфхонаҳои торику сард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Наргис Ҷӯраева, яке аз ташаббускорони маъракаи мазкур, рӯзи 17 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “барои ин маърака ба мо 40 рӯз мӯҳлат дода шудааст. Дар ин муддат бояд 8 ҳазор доллар ҷамъ оварем. Агар муваффақ шавем, ин пули мо як баробар зиёд мешавад, яъне аз ҷониби ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид дар Хорватия 8 ҳазори дигар ба маблағи мо илова мекунанд. Мо умед дорем, ки муваффақ мешавем ва бо харидану насби панели офтобӣ мактабро рӯшан мекунем.”

Мактаби 87-и деҳаи Ғузгеф 130 хонанда дорад ва дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи Ромит ҷойгир аст. Ба иллати набудани хатти барқ дар ин минтақа, мардум тамоми ин солҳо аз рӯшноӣ маҳруманд. Бархеҳо ҳам бо истифода аз генераторҳои дизелӣ хонаҳояшонро рӯшан мекунанд.

Тамоми талоши мардуми деҳа барои рӯшан кардани хонаҳои худ ва мактаб ҳам дар ин муддат бенатиҷа будааст. Наргис Ҷӯраева мегӯяд, “мо ба он хотир ин мактабро интихоб кардем, ки дар он оддитарин шароит барои таҳсил нест. Дар фасли сармо барқу гармӣ надоранд кӯдакон. Мо хостем то кӯдакон дар шароити беҳтар таҳсил кунанд.”

Дар нахустин чорабинӣ, ки барои ҷалби диққати ҷомеа ба мактаби Ғузгеф ташкил шуд, расмҳои кашидаи хонандагони мактаби Ғузгеф ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Ҳамин тавр ташаббускорон давоми 40 рӯз тамоми ниҳоду созмонҳои дигарро дар кишвар ва хориҷ аз он барои ёрӣ ба ин мактаб ҷалб хоҳанд кард. Рӯшану гарм кардани мактаби Ғусгеф ягона ҳадафи маъракаи “Мактаби офтобӣ” нест, балки бо ин роҳ ташаббускорон мехоҳанд, дар ояндатамоми мактабҳои бебарқи кишварро бо рӯшноӣ таъмин кунанд.

Анвар, яке аз дигар ташаббускорони маъракаи мазкур мегӯяд, “як мақсади мо таҷриба кардани ин методи ҷамъоварии маблағ аст. Ҳангоми анҷом ёфтани ин лоиҳа мехоҳем дигар лоиҳаҳоро ҳам рӯйи даст гирем.”

Дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз хонандагон дар кишвар мисли толибилмони мактаби Ғусгеф тамоми як соли таҳсил дар торикӣ дарс мехонанд. Аммо синфхонаҳои аксар муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои кишвар махсусан дар фасли сармо маҳдудияти барқ доранд ва тавассути бухориҳои бобоӣ гарм карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG