Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи раҳбарон аз миёни духтарон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ташкили як мактаби омӯзишӣ мехоҳад духтарони сарвар ва лидерро омода кунад. Шунавандагони ин давраҳои омӯзишӣ 30 донишҷӯй духтари аълохону фаъоланд ва дарси роҳбарӣ мегиранд.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор бо занон ин давраҳои омӯзишӣ дар доираи барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” сурат гирифтааст. Як масъули ин кумита рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин лоиҳа ба духтарони лаёқатманд, ки имкони хуби пешрафт ба маснадҳои раҳбарӣ дар сохторҳои давлатиро доранд, аз зинаи таҳсилот то ба вазифаҳои баланд роҳ мекушояд.

Гуфта мешавад, ин давраҳои омӯзишӣ, дар назди вазорату идораҳо ва ҳам донишкадаи идоракунии назди президенти Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба шунавандагони он, заноне дарс хоҳанд гуфт, ки дар ин ниҳодҳо вазифаҳои баландтарро ба дӯш доранд.

Давлатмоҳ, як унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳоло шунавандаи ин давраҳои омӯзишист, роҳандозии “Мактаби духтарони сарвар”-ро барои баланд бардоштани маърифати сиёсии худ муҳим медонад. Вай мегӯяд, онҳо дар доираи ин лоиҳа метавонанд ба ниҳодҳои идорӣ роҳ ёбанд ва бо истифода аз фурсат, донишу малакаи худро такмил диҳанд.

“Албатта роҳбар будан осон нест, барои ин бояд таҷрибаи зиёд дошт. Намешавад якбора аз курсии донишҷуӣ, ба курсии роҳбарии ин ё он вазорату идора нишаст. Лекин агар духтарон воқеан ба лаёқатмандии худ бовар доранд, ҳатман рӯзе кор дар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ба ҳайси роҳбар насиб мешавад”.

Вай барои тасдиқи ҳарфҳояш мегӯяд, сол то сол нақши занон дар сиёсат бештар мешавад ва ҳукумат барои тақвияти мақоми бонувон дар ҷомеа фармону барномаҳои давлатии зиёдеро пиёда кардааст.

Тасмими омодасозии қадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони ҷавон ба маснадҳои баланд дар ҳолест, ки аз қабули барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 10 сол сипарӣ мешавад. Дар ҳоле, ки қабули ин санадро давлатдорони Тоҷикистон яке аз тадбирҳои баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик дар арсаи сиёсат маънидод мекунанд, аммо имрӯз сабабҳои зарурати қабул ва иҷрои ҳатмии он маънои дигарро бозгӯ мекунад.

Ҳоло 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва бо вуҷуди тасвиби чандин барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан, мизони ҳузури “ҷинси латиф” дар тақсими мансабҳои давлатӣ бо мардон ҳатто баробар нест. Тибқи омори расмӣ, танҳо 27 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро занон ишғол кардаанд, аммо онҳо маъмулан на раҳбар, балки дар идороти давлатӣ ба мақоми муовин таъин мешаванд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ин нобарориҳо боис шудааст, ки дар сутуни давлатдорӣ дар сояи мардҳои сиёсатмадор, занон нонамудор боқӣ мемонанд. Ҷамшед Мирзоев, ҷомеашиносӣ тоҷик мегӯяд, хуб аст, ки занон дар мақоми ҷонишини вазирон, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, парлумон фаъолият доранд ва ин бозгӯи боло рафтани нақши онҳо дар ҷомеаро нишон медиҳад.

Вале ба гуфтаи ӯ, ҳоло занону духтарон ба вазифаҳое таъин мешаванд, ки нақши муассире надоранд, ҳарфашон таъсири камтар дорад ва ё мақомҳои раҳбарӣ ҳам ба онҳо чандон бовар карда намешавад ва шояд танҳо барои намоишкорӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазифа таъин шудаанд: “Бубинед, аксари занон муовин оид ба маорифу фарҳанг ва корашон ҳамеша дур аз сиёсат аст. Пас зане, ки дар ин самт кор мекунад, ҳатман вазифааш аз ҷалби мардум ба чорабиниҳои фарҳангиву иҷтимоӣ иборат аст, на сиёсат.”

Тоҷикистон аз рӯи Қонуни асосиаш як кишвари дунявӣ аст, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро дар банди махсус тазмин кардааст. Аммо иштироки занҳо дар ҳаёти сиёсӣ ба ҳадди кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ, мисли Қирғизистон ва Русия чашмгир нест. Ҳукумат ба сурати умум мардсолор аст ва ин шеваро ба сари ҷомеа низ таҳмил кардааст. Аз сӯи дигар, бархе рӯҳониён даъво доранд, ки тибҷи фармудаҳои ислом бояд мард раҳбар бошад, на зан.

Таҳлилгарон ин нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва падарсолории ҷомеаи Тоҷикистонро аз омилҳое медонанд, ки бонувони тоҷикро осебпазир мекунад ва барои ҳузури бештари онҳо дар умури сиёсӣ монеа мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари мушкилоти ҷомеаи тоҷик ба ҳамин қишр вобаста аст ва занон ҳам бо ширкати фаъолонаи худ дар тасвиби қонунҳо метавонистанд ба ҳалли онҳо кӯмак кунанд.

Ҳамакнун роҳандозии омӯзиши “Мактаби духтарони роҳбар” аз Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳолест, ки се соли пеш ҳам Сумангул Тағоева, раиси вақти ин ниҳод гуфта буд, онҳо аз ҳисоби занони лаёқатманди сохторҳои давлатӣ як махзани кадрие иборат аз 300 занро омода кардаву ин феҳрастро барои пешбарӣ ба мақомҳои идорӣ, ба ҳукумати кишвар фиристодаанд.

Аммо ҳоло аз 20 узви расмии ҳукумати Тоҷикистон танҳо як нафар зан аст - Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Аз дигар заноне, ки дар Тоҷикистон соҳиби мансабҳои баландтар ҳастанд якеаш – Озода Раҳмон раҳбаридастгоҳи иҷроияи президент ва дувумӣ - Идигул Қосимзода- раҳбари Кумитаи кор занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Давоми 25-соли истиқлолияи Тоҷикистон аз миёни занони тоҷик то ба ҳол касе дар мақоми раҳбарии як сафоратхона, кор накардааст.

XS
SM
MD
LG