Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ дар куҷо ва чӣ моликият дорад?


Манзили Игор Шувалов дар бинои боҳашамате дар маркази Лондон (бо хатти сурх ишора шудааст)
Манзили Игор Шувалов дар бинои боҳашамате дар маркази Лондон (бо хатти сурх ишора шудааст)

Бар асоси нақшаи ҷадиди давлати Британия, ки рӯзи 12 май нахуствазири Дэвид Кэмерон эълон кард, иттило дар бораи моликияти гаронбаҳои нухбагони сиёсию соҳибкорони собиқ шӯравӣ дастраси аҳли ҷомеа хоҳад шуд.

Нақшаи ҷадиди давлати Британия ба манзури ошкор сохтани вуруди пулҳои касиф ё ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, ки бо ин маблағ ширкатҳои хориҷӣ дар Британия моликиятро харидорӣ кардаанд. Ҳамакнун ин моликият ба таври шаффоф сабти ном шуда ва моликони онҳо эълон хоҳад шуд. Ин усул барои ошкор кардани соҳибони аслии ширкатҳои офшорӣ истифода мешавад.

Рӯшан нест, ки муқаррароти ҷадид чи гуна иҷро мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар солҳои ахир теъдоде аз чеҳраҳои сиёсӣ ва соҳибкорони сарватманди Русия ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Лондон соҳиби моликияти гаронбаҳо шудаанд, ибтикори мазкур билохира онҳоро барои шаффофият водор хоҳад кард.

Дар зер асомии бархе афрод ва наздикони онҳо оварда шудааст, ки мумкин аст моликияти онҳо таҳти муқаррароти ҷадиди Биритания қарор гирад.

Игор Шувалов

Барои аҳли ҷомеа маълум аст, Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия дар даврони президент Владимир Путин дар хориҷа моликият дорад. Ӯ дар гузориши даромадҳояш ба иҷораи хонае дар Австрия ва манзили 483 метри мураббаъ дар Лондон ишора кардааст. Аммо Алексей Навалний, муборизи зидди фасод соли гузашта Шуваловро дар доштани моликият дар Лондон муттаҳам карда буд. Ӯ ба санади сабти номи замини Британия истинод оварда буд, ки дар он ба моликияти Шувалов дар соҳили дарёи Темза ва интиқоли 11. 44 миллион фунт (18 миллион доллар) аз ҷониби ширкати таҳти назорати Шувалову ҳамсараш дар Русия барои харидории он зикр шудааст. Навалний рӯзи панҷшанбеи 12 май гуфт, ташаббуси нави шаффофияти Кэмерон "пардаро аз рӯи моликияти Шувалов дар офшораш" мебардорад.

Хонаводаи Алиевҳо

Тибқи асноди мавсум ба Авроқи Панама Лайло ва Орзу, духтарони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон соҳиби ширкати махфии офшор дар ҷазираи Вирҷини Британия буда ва соли гузашта саҳмияҳои чандинмиллиондоллариро дар Британия ба даст овардаанд.

Тарҳи Гузориши Ҷароими Созмонёфта ва Фасод (OCCRP), ки аз шарикони Авроқи Панама ҳисоб меёбад, соли гузашта аз манзили хусусии 10.500 фути мураббаъ ( беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ) бо арзиши беш аз 25 миллион доллар аз сӯи ширкати дар ҷазираи Ман сабтшуда харидорӣ шуда ва сипас, Алиев молики он гардидааст. Тибқи ин гузориш, дар соли 2010 раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва ҳамсараш саҳмияҳояшонро дар ширкат ба духтарашон додаанд.

OCCRP ба рабти оилаи Алиев ба моликияти бисёрмиллиондолларӣ дар Лондон ишора кардааст, ки зоҳиран моликияти ширкатҳои офшорӣ ба ҳисоб меравад.

Андрей Гуриев

Дар зарфи ҳафт соли ахир сару садоҳо дар мавриди молики бузургтарин манзили хусусӣ дар Лондон мавсум ба Витанҳурт дар гардиш аст. Ин манзил дар соли 2008 аз ҷониби ширкати Сафран Ҳолдинг ЛТД, ки дар ҷазираҳои Вирҷини Британия сабт шудааст, ба маблағи 50 миллион фунт (72.2 миллион доллар) харидорӣ шуда буд. Тибқи овозаҳо ин манзили гаронбаҳо ба Елена Батурина, бойтарин зан дар Русия ва ҳамсари раиси пешини шаҳри Маскав Юрий Лужков ва ҳатто ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия муталлиқ будааст. Аммо дар мақолае дар маҷаллаи New Yorkerдар соли гузашта таъйид шуда буд, соҳиби ин манзил хонаводаи Андрей Гуриев аст, ки дар муддати 12 сол дар Маҷлиси болоии парлумони Русия вакил буд. Ин маҷалла ба сухангӯи Гуриев истинод оварда буд, Гуриевҳо "соҳибони қонунии ин манзил" набуда ва он ба ширкати онҳо тааллуқ доштааст.

Андрей Якунин

Бино ба гузориши рӯзномаи Sunday Times дар моҳи март, ки Андрей Якунин, писари раҳбари пешини ширкати Роҳи оҳани Русия ва "одами худӣ" дар Кремл Владимир Якунин, дар Лондон соҳиби қасри бо 8-утоқи хоб, ки арзишаш 35 миллион фунт ($50 миллион) аст. Андрей, сармоягузор бо шиносномаи Британия дар Лондон, тавассути ширкатиTerphos Financial Corporation соҳиби ин моликият шудааст. Тибқи ин гузориш, ҳамчунин, ӯ дар Лондон молики хонаи бо арзиши 10 миллион фунт ($14.4 миллион) будааст. Владимир Якунин, ки муддати тӯлонӣ аз наздикони президент Путин ҳисоб меёфт, дар посух ба ғасби Қрим аз ҷониби Русия аз сӯйи ИМА мавриди таҳрим қарор гирифтааст.

Роман Ротенберг

Гуфта мешавад, падару амаки Ротенберг-Борис ва Аркадий шарикони Путин дар варзиши ҷудо буда ва миллиардҳо доллар сармоя доранд. Навалний ва фаъолони зидди фасоди Русия мегӯянд, ки Роман Ротенберг дар Лондон соҳиби қасри 4,7 миллиондолларӣ буда ва он ба номи ширкати Локтан Сервис ЛТД-и Кипр сабт шудааст. Шаҳрванди Британия Роман Ротенберг низ дар иртибот ба мудохилаи низомии Русия дар Украина таҳти таҳримҳои Вашингтон қарор гирифтааст.

"Саёҳати Клептократия"

Ин манзилҳо бахше аз таҳқиқоти ниҳоди зидди фасоди мустақар дар Лондон бо номи "Саёҳати Клептократия" аст, ки ахиран шурӯъ шудааст. Созмондиҳандагон тавассути автобус меҳмононро ба тамошои хонаҳои боҳашамати бойтарин ашхос аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, бо шумули миллионерҳои Русия Роман Абрамовичу Олег Дерипаска ва миллионерҳои Украина Ринат Ахметову Дмитро Фирташ мебаранд.

XS
SM
MD
LG