Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Говсуд”-и муҳоҷирон. Чаро Русия онҳоро бебаркаш пеш мекунад?


Гурӯҳи муҳоҷирон дар интизори ҳалли тақдирашон дар яке аз додгоҳҳои Маскав
Гурӯҳи муҳоҷирон дар интизори ҳалли тақдирашон дар яке аз додгоҳҳои Маскав

Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, додгоҳҳои Русия муҳоҷирони кориро аз ин кишвар ҳадафмандона берун мекунанд ва барои ҳалли тақдири онҳо ҳамагӣ чанд дақиқа сарф мекунанд.

Толибшоҳ Юсуфов, як сокини 35-солаи ноҳияи Ҳисор, ки дар шаҳри Сургут дар шимоли Русия такси мезад, 10 рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ мегӯяд, ҳамагӣ 4 моҳ пеш аз як ҳамсояаш қарз гирифта, ба 1800 сомонӣ чиптаи парвоз харид ва бо сарфи 30 000 рубли русӣ дар Сургут патенту санади сабти ном ва дигар асноди лозим барои оғози корашро гирифт, вале: “Ҳанӯз ҳатто пули қарзамро ҷамъ накарда будам, ки дар поёни моҳи апрел маро ба идораи ФМС (Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия) даъват карданд. Гуфтанд, ки се дафъа барои набастани камарбанди амниятӣ ҷарима шудаам ва ба ин далел маро аз қаламрави Русия берун мекунанд. Гуфтам, ки охир аз соли 2014 пули ҳам патенту ҳам андозро пайваста мепурдам, кора накард. Шукр, ки бачаҳои тоҷик пули парвозамро ҷамъ карда доданд. Дигар барои се сол – то соли 2019 – ҳаққи бозгашт ба Русияро надорам.”

Толибшоҳ мегӯяд, тайи рӯзҳои саргардониаш дар идораи ФМС дар Сургут даҳҳо муҳоҷири тоҷики ҳамтақдирашро рӯбарӯ шудааст, ки низ бо чунин баҳонаҳои хурду реза, ба мисли вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ё напардохтани пули телефон ё обу барқ аз ҳаққи кору зиндагӣ дар Русия маҳрум шуда, маҷбур ба бозгашт шудаанд.

Бино ба омори расмии ФМС, тайи солҳои 2013-2015 шумори муҳоҷирони хориҷие, ки ба “рӯйхати сиёҳ”-и танҳо ин идора афтода, ҳаққи сафар ва кор дар Русияро аз даст додаанд, ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Бар илова, дар ин се соли охир аз Русия 513 289 нафари дигар ба далели ҳамин гуна қонуншиканиҳои хурду реза ва вайрон кардани қоидаҳои будубош берун (выдворение) ва даҳҳо ҳазори дигар бо ҷароими ҷиддитар ихроҷ (депортатсия) карда шудаанд. Беш аз 50 дарсади ҳукми берункунии муҳоҷирони хориҷиро додгоҳҳои шаҳру вилояти Маскав, шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград содир кардаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

“Берункуниҳои маъмурӣ аз Русия – муҳокимаи додгоҳӣ ё ихроҷи оммавӣ?”

Ин арқомро бар пояи омори расмии ФМС “Гражданское содействие”, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия, дар як гузориши муфассали иборат аз 50 саҳифа ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин гузориши мавсум ба “Административные Административные выдворения из России — судебное разбирательство или массовое изгнание?я из России — судебное разбирательство или массовое изгнание?” (“Берункуниҳои маъмурӣ аз Русия – муҳокимаи додгоҳӣ ё ихроҷи оммавӣ?”), ки рӯзи 10 май дар Маскав муаррифӣ шуд, гуфта мешавад, мақомоти интизомиву додгоҳии Русия тайи қариб се соли охир муҳоҷирони корӣ, бештар аз ҳама аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистонро ҳадафмандона аз ин кишвар берун мекунанд ва муҳокимаи парвандаи ихроҷи як муҳоҷир дар додгоҳҳои Русия ҳамагӣ чанд дақиқаро дар бар мегирад.

Дар ин гузориш омадааст, ки берун кардани муҳоҷирон аз қаламрави Русия бахусус дар пайи як моҷарои хунин байни маъмурони пулиси Маскав ва тоҷирони озарӣ дар бозори Матвеево дар моҳи июли соли 2013 ва сар аз 9 августи ҳамон сол, ки қисми сеюми моддаи 18.8-ум (вайрон кардани қоидаҳои будубош аз сӯи хориҷиён) ва қисми дуюми моддаи 18.10-уми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (КоАП)-и Русия (фаъолияти кории ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ) ба иҷро даромад, авҷ гирифт.

Соли 2012 аз Русия ҳамагӣ 45 227 муҳоҷири хориҷӣ берун карда шуданд. Дар соли 2013 ин рақам якбора се маротиба афзуда, ба 137 097 нафар расид. Соли 2014 аз ин кишвар алакай 198 371 нафарро берун карданд. Соли 2015 шумори онҳое, ки аз Русия берун карда шуданд, як каме, то ҳадди 177 821 нафар коҳиш ёфт. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин коҳиш аломати нармтар шудани сиёсати давлатии Русия дар масоили муҳоҷират нест, балки аз як тараф, вуруди муҳоҷирон ба Русия ба далели бӯҳрони иқтисодӣ ва коҳиши даромади онҳо кам шуд ва аз тарафи дигар, шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷират теъдоди хеле бештари мардуми омадро маҷбур кард, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд.

Як бахши аъзами ин гузориш ба шеваи судури ҳукми ихроҷу берункунии муҳоҷирони корӣ аз сӯи додгоҳҳои Русия бахшида шудааст. Константин Троитский, муаллифи асосии ин гузориш дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ба додгоҳи одилона ба сурати оммавӣ поймол мешавад. Парвандаҳои муҳоҷиронро, ки тақдири нафақат як худи ӯ, балки шояд тамоми хонаводаашро барои чанд сол дигар мекунад, на ба таври алоҳида, балки ба сурати села-села муҳокима мешаванд. Касе назари муҳоҷири бесоҳибро ҳатто ба инобат намегирад. Дар натиҷа мо мебинем, ки мавҷи муҳоҷирон ба Русия коҳиш ёфт. Як қисми онҳо ба далели бӯҳрон дигар ба инҷо намеоянд, вале беш аз 2 миллионаш дигар ҳаққи ворид шудан ба Русияро комилан аз даст додаанд. Ин барои кишварҳои аз пули муҳоҷиронаш, вобаста, ба мисли Тоҷикистон, оқибатҳои хеле сангин дорад.”

Бино ба ин гузориш, мақомоти интизомиву додгоҳии Русия дар асл мардумро ба “худӣ”(шаҳрвандони Русия) ва “бегона”(11 миллион муҳоҷири хориҷӣ) ҷудо кардаанд ва дар мавриди “бегонаҳо” меъёрҳои адолати додгоҳиро ошкоро поймол мекунанд. Константин Троитский мегӯяд, чунин ҷудокунии табъизомез ба сурати ногузир ба ин меанҷомад, ки шаҳрвандони Русия низ дар ниҳоят дар айни вазъияти беҳуқуқие, ки имрӯз муҳоҷирон доранд, қарор мегиранд ва ҳар навъ шонси расидан ба адолати додгоҳиро дар кишвари худ аз даст медиҳанд.

Светлана Ганнушкина
Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина, раҳбари созмони “Гражданское содействие” рӯзи 12 май дар сӯҳбат бо Озодӣ хулосаҳои асосии гузориши таҳқиқотии ин созмонро чунин натиҷагирӣ кард: “Дағалона поймол шудани қонунҳои мурофиавӣ дар парвандаҳои марбут ба берун кардани муҳоҷирон, ки гоҳо як ранги боварнокарданӣ доранд. Метавонанд якбора 10, ё ҳатто 20 нафарро ба толори додгоҳ дароранд ва якҷоя муҳокима кунанд. Як додрас дар зарфи ҳамагӣ чанд дақиқа тақдири якбора даҳҳо нафарро ҳал мекунад. Аксаран ин муҳоҷирони бечора на тарҷумон доранд ва на адвокат. Чунин села-села пеш кардани ин мардум, албатта, қобили қабул нест. Аз тарафи дигар, як нафареро, ки бояд берун карда шавад, метавонанд то 2 сол дар боздошт нигоҳ доранд. Ва боз ба мо “фаҳмонданд”, ки ин боздошт нест, балки чораи таъминкунанда аст. Чигуна метавон ду сол одамро пушти панҷара нигоҳ дошту боз гуфт, ин боздошт нест?”

Додрасҳои “чемпион” дар рондани муҳоҷирон

Дар гузориши созмони “Гражданское содействие” исми додрасҳои “чемпион” дар судури ҳукми берункунии муҳоҷирон низ оварда шудааст.

Дар садри ин раддабандӣ Андрей Василев, додраси додгоҳи ноҳияи Чертановои Маскав меояд, ки танҳо аз моҳи январ то июни соли 2015 беш аз 2500 парвандаи маъмурии марбут ба муҳоҷиронро муҳокима ва тақрибан дар ҳамаи ин парвандаҳо ҳукми рондани мардикорони хориҷиро содир кардааст. Яъне ӯ ҳар рӯзи кориаш 25 парвандаро ба баррасӣ гирифта, ба ҳисоби миёна, барои муҳокимаи ҳар кадоми онҳо ва ҳалли тақдири як одам 9 дақиқа сарф кардааст.

Як гурӯҳи муҳоҷирони маҳкум ба ихроҷ дар вилояти Ярослав
Як гурӯҳи муҳоҷирони маҳкум ба ихроҷ дар вилояти Ярослав

Аммо рекорди рӯзонаро Сергей Базаров, қозии додгоҳи ноҳияи Головинои пойтахти Русия гузоштааст. Базаров рӯзи 23 январи соли 2015, ки рӯзи ҷумъа ва ба ин далел рӯзи кӯтоҳи корӣ буд, ҳукми аз Русия берун кардани беш аз 90 муҳоҷирро содир кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳисоб ккардаанд, ки ин додрас ба ҳисоби миёна барои муҳокимаи ҳар парванда 5 дақиқа харҷ кардааст. Дмитрий Арнаут, додраси дигари ҳамин додгоҳ ҳамон рӯзи 23 январ 38 муҳоҷири дигарро аз ҳаққи будубош дар Русия маҳрум кардааст. Додгоҳи Головино ба ин ҳам маъруф аст, ки дар нимаи аввали соли гузашта 1700 муҳоҷирро муҳокима карда, дар 100 дарсади ин парвандаҳо ҳукми ихроҷ ё берун кардани онҳоро қабул кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар яке аз додгоҳҳои Маскав шоҳид шудаанд, ки дар зарфи ҳамагӣ 1 соату 38 дақиқа дар ин додгоҳ парвандаи 36 муҳоҷири муттаҳам ба нақзи қонунҳои муҳоҷиратро муҳокима кардаанд. Барои муҳокимаи ҳар парванда дар ин додгоҳ ҳамагӣ 2 дақиқаву 45 сония сарф шудааст.

Ба сурати умум, додгоҳҳои Маскав дар беш аз 90 дарсади ҳолатҳо алайҳи муҳоҷирон қарор қабул кардаанд.

Илларион Василев, вакили мудофеи рус, ки дар чандин парванда аз манфиатҳои муҳоҷирони таҳти хатари ихроҷ аз Русия ҳимоят кардааст, рӯзи 12 май дар сӯҳбат бо Озодӣ аз таҷрибаи худ гуфт, пирӯзӣ дар чунин парвандаҳо рӯзторӯз мушкилтар мешавад. Ба гуфтаи адвокат Илларион Василев, мақомоти интизомиву додрасии Русия дар кадом вазъи беҳуқуқиву осебпазир қарор доштани муҳоҷиронро хуб медонанд ва аз ин сӯиистифода мекунанд. Ӯ аз ҷумла аз мавридҳое ёдовар шуд, ки аз муҳоҷирони комилан ноогоҳ аз забони русӣ имзо мегиранд, ки ӯ ба тарҷумон ё адвокат эҳтиёҷ надорад. Ӯ мегӯяд, ин ҳама бӯи як сиёсати барномарезишудаеро мекунад, ки ангезаҳои сиёсиаш барои ӯ ҳамчун як ҳуқуқшинос норӯшан ва номафҳум боқӣ мемонад: “Ҳис мешавад, ки фармоиш барои берун кардани муҳоҷирон вуҷуд дорад. Ва додгоҳҳо дар иҷрои ин фармоиш нақши вижа бозӣ мекунанд. Яъне онҳо на нақши хоси додгоҳ, балки як нақши “ҷаллод”-ро иҷро мекунад. Мақомоти иҷроия як системаи пеш кардани муҳоҷиронро сохтаанд ва агар азми онҳо ба қонун мувофиқ наояд, додгоҳҳо талош мекунанд, то ҳилаи шаръиашро пайдо кунанд. Дар чунин шароит адвокат дар мубориза барои ҳуқуқи муҳоҷир дар додгоҳ ягон шанс надорад.”

Беш аз 10 “рӯйхати сиёҳ”-и Русия

Мақомоти Русия барои бастани роҳи муҳоҷирони “ғайримақбул” аз се навъи муҷозот – берункунӣ (выдворение), ихроҷ (депортатсия) ва манъи вуруд (запрет на въезд) истифода мекунанд. Қонунҳои федеролии Русия ба ҷуз аз ФМС боз ба беш аз 10 идораи дигари давлатии ин кишвар ҳаққи бастани роҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро барои мӯҳлати 3, 5, 10 сол ва ҳатто аз он бештар додааст. Ҳар кадоми ин идораҳо “рӯйхати сиёҳ”-и худро доранд ва ҳар рӯз ба ин “рӯйхатҳои сиёҳ”, ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дастикам 1500 муҳоҷири хориҷӣ зам мешавад.

Светлана Ганнушкина мегӯяд, ба бовари ӯ, пеш кардани муҳоҷирон як сиёсати барномарезишуда аст ва ба ҳамин далел, ин мардумро дар бархе мавридҳо бо баҳонаҳои чунон сохтае аз Русия меронанд, ки ба ягон ақл намегунҷад: “Барои мисол, 8 рангмолро вақте дастгир карданд, ки онҳо қуттиҳои рангро ба як мошин бор мекарданд. Онҳоро айбдор карданд, ки дар иҷозатномаи кори шумо рангмолӣ нишон дода шудааст, вале шумо кори ҳаммолӣ карда истодаед. Ва агар ҳомиёни ҳуқуқ дахолат намекарданд, ин 8 бечораро аз Русия ба ҳамин далели подарҳаво берун ҳам мекарданд. Як корҳое мекунанд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Ин мардум танҳо дар фикри иҷрои нақшаи рондани муҳоҷиронанд. Тамом.”

5 категорияи умедвор

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба сурати инфиродӣ муваффақ шудаанд, даҳҳо шаҳрванди тоҷикро аз “рӯйхати сиёҳ”-и Русия берун кунанд: “Агар муҳоҷироне, ки ё берун карда шудаанд, ё аз ҳаққи вуруд маҳрум шудаанд, вале дар инҷоанд, ба мо муроҷиат кунанд, мо барои ҳалли мушкили онҳо рӯи 5 категория кор мекунем:

  1. онҳое, ки хешовандони наздикашон, барои мисол, падару модари онҳо шаҳрванди Русияанд;
  2. донишҷӯён;
  3. нафароне ки дар Русия моликият доранд – хона, бӯстонсаро ё замин;
  4. онҳое, ки зарурати муолиҷа дар бемористҳои Русияро доранд;
  5. нафароне, ки дар давоми будубоши қаблиашон дар Русия қонунҳои муҳоҷиратро вайрон накардаанду лекин ба қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ роҳ додаанд, масалан қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд ва мисли ҳамин.

Мо қазияҳои чунин шаҳрвандонамонро асоснок карда, бо ФМС ҳал мекунем.”

Иброҳим Аҳмадӣ гуфт, дар тӯли соли 2015 ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 182 шаҳрванди тоҷик барои боз кардани роҳи вурудашон ба Русия муроҷиат кардаанд. Бо кумаки ин ниҳод 82 нафар иҷозати вуруд ба Русияро ба даст оварда, 100 муроҷиати дигар дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Аммо дар қиёс бо 330 576 шаҳрванди тоҷике, ки то 26 марти соли ҷорӣ дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия қарор доштанд, ин, албатта, қатрае дар баҳр аст.

Ин 330 ҳазор нафари мамнӯъулвуруд тақрибан сеяки муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ташкил медиҳанд. Ҳар сол аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон то 4 миллиард доллар меомад. Соли гузашта ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия , шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷирати он кишвар ва ҳам аз бозори Русия берун мондани ин 330 ҳазор нафари мамнӯъулвуруд ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон якбора 3 маротиба кам шуд. Вале бо ин вуҷуд, муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо ва як омили калидии ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ба “рӯйхати сиёҳ”-и он кишвар афтодани ҳар як муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонаводаи тоҷик аст.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла ба ҳамин далел тақрибан як сол ба ин сӯ ба Маскав пайваста мавриди афв қарор додани муҳоҷиронеро, ки дар Русия ба қонуншиканиҳои хурду реза роҳ додаанд, пешниҳод мекунад. Ин мавзӯъро моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Уфа раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар сӯҳбати рӯбарӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин матраҳ кард. Думаи вилояти Маскав дар соли 2015 пешниҳод карда буд, ки ҳукумат ва парлумони Русия бо тасвиби як қонуни афв роҳи ин кишварро ба рӯи муҳоҷироне, ки қонуншиканиҳои ҷиддӣ надоранд, боз кунанд. Ҳамин тавр, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, ҷамъияти “ЭтМос” ва Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия низ чандин бор бо таъкид ба паёмадҳои манфии ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия афви муҳоҷирони ихроҷшударо дархост кардаанд.

Қарта дигар шуд?

Бино ба омори ФМС, дар Русия тақрибан 2,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Украина, 2 миллион аз Узбакистон, зери 900 ҳазор аз Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Муҳоҷиронро ҳамеша як қартаи бурдовар ва як василаи низ муассири фишори Маскав барои таҳмили хостҳояш ба кишварҳои пасошӯравӣ ном мебаранд. Аммо чаро Русия аз ин қартаи зоҳиран бебохт дар бозиҳои сиёсиаш даст кашида, роҳи танг кардани ин тоифаро аз бозораш пеш гирифтааст?

Светлана Ганнушкина мегӯяд, вақте худи Русия дучори мушкилоти иқтисодӣ шуд ва сатҳи маошҳову сатҳи зиндагии мардумаш пойин рафт, ҳамин артиши бузурги муҳоҷирон ба як навъ “балогардон”- и доираҳои кунунии ҳоким табдил ёфт. Сиёсатмадорони рус бо ҳарчӣ бештар доман задани шиорҳои зидди муҳоҷират, ба ақидаи ин ҳомии ҳуқуқ, мехоҳанд самти таваҷҷӯҳи мардуми оддиро аз нокомиҳои ҳукумати ҳозира ба тарафи дигар баранд ва муҳоҷирон ҳамчун як қишри беҳуқуқ ва бесоҳиб беҳтарин “барраи қурбонӣ” дар ин бозист.

Светлана Ганнушкина меафзояд, Русия бо чунин сиёсат ва танг кардани нирӯи кории арзоне, ки ба анҷоми ҳар кори сиёҳ омода буд, шонси пешрафти иқтисодии худашро пешпо медиҳад: Бале, ин як сиёсати пур аз таззод аст. Ба назари ман, як сабаби дигари ин фасод ҳам ҳаст, чунки ҳарчанд садҳо ҳазор муҳоҷирро берун карданд, вале шумори онҳое, ки баъди боздошт халос мехӯранд, боз ҳам бештар аст. Пул медиҳанд, ки халос шаванд. Ман намедонам, ки рондани муҳоҷирон то куҷо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳукумати Русия аст, вале яқинан ин ба манфиати кишвари Русия нест. Ба ҳеҷ сурат.”

Аммо Константин Троитский, муаллифи гузориши “Берункуниҳои маъмурӣ аз Русия – муҳокимаи додгоҳӣ ё ихроҷи оммавӣ?” мегӯяд, қартаи муҳоҷирон ҳамчун василаи фишор дар дасти Кремл ҳанӯз ба қувваи худ боқист ва дар оянда низ боз на як бору ду бор ба бозӣ кашида хоҳад шуд. Ба хусус дар қиболи кишварҳои аз пули муҳоҷирон хеле вобастае, чун Тоҷикистон ё Қирғизистон: “Барои ман душвор аст таҳлил кардани гаштҳои сиёсӣ. Вале бубинед, ки бо вуҷуди аз бозори Русия берун андохтани беш аз 2 миллион нафар боз ҳам на ҳамаро берун кардаанд. Як шумори кофие аз муҳоҷирон боқӣ монд, ки Маскав дар оянда ҳам битавонад аз онҳо дар пешбурди сиёсатҳояш истифода барад. Барои мисол, вақте Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони таҳти меҳвари Маскав шуд, Маскав ҳам ба ин кишвар бо афви як миқдори муҳоҷиронаш “лутф” нишон дод. Ва бо ин ба кишварҳои дигар гӯё паём расонд, ки агар шумо ҳам узви ин созмон шавед, мукофоти худро хоҳед гирифт. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки муҳоҷирон ҳамчун васила дар дасти Кремл нигоҳ дошта мешаванд.”

Толибшоҳ куҷо равад?

Бо ин ҳол, дар лобалои ин ҳама гаштҳову ин ҳама бозиҳои бузург дар аршҳои сиёсӣ, қаҳрамони гузориши мо Толибшоҳ, ки ба сабаби шадидан кам шудани сатҳи даромади муҳоҷирон дар Русия натавонист дар 4 моҳи мусофираташ ҳатто пули қарзи худро ҷамъ кунад ва акнун то се соли оянда аз ҳаққи сафар ба Русия ҳам маҳрум шудааст, мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки аз як сӯ, пули қарзашро чигуна баргардонад ва аз сӯи дигар, рӯзгори ҳамсару фарзанди ягонаашро дар ин фосилаи тӯлонӣ аз кадом роҳ таъмин кунад: “То соли 2019 ман дигар Русия рафта наметавонам. Вале вариантҳои дигарро мекобам, Қазоқистон аст ё ягон давлати дигар. Ҳеҷ нашуд, ҳаминҷо дар Тоҷикистон ягон кор меҷӯям. Деҳқонӣ мекунам, ё кори бозор. Охир ҳисоби зиндагиро бояд бо ягон роҳе ёфт.”

XS
SM
MD
LG