Ғулом Шарифов 92-умин солгарди умри худ ва 71-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Олмони фашистиро дар як рӯз ҷашн мегирад. Ӯ зодрӯзи худро дар ҳалқаи пайвандон 71 сол боз бо пирӯзии худу миллионҳо ҳамсангараш аз болои Олмони фашистӣ дар як рӯз таҷлил мекунад.
Аз анҷоми ҷанг барои пайвандонаш қиссаҳои хушҳолкунанда дорад, аммо аз сафарбариаш ба ин ҷанг ба ҷуз ноадолатии масъулон чизе гуфта наметавонад. Ӯро дар 17-солагӣ, ки падару модар надошт, ба ҷои писари раиси як колхоз аз ноҳияи Данғараи собиқ вилояти Кӯлоб ба ҷанг фиристоданд.
Бо ёдоварӣ аз он замон Ғулом Шарифов мегӯяд: “Ман ятим будам. Як рӯз Шарбат гуфтанӣ бригадир омад ва гуфт, ки бояд ба ҷои бачаи раиси колхоз ба ҷанг равам. Ин дунё ҳамин хел аст. Бачаи раиси колхоз аз Ғиҷоваки Данғара буд. Ман 17-сола будам ва бачаи раиси колхоз 20-сола буд. Гуфтам, ки меравам, ҳеч гап не. Соҳиб надоштам. Гирифтанду бурданд, дигар ҳеч чизашро нафаҳмидам.”
Ғулом Шарифов натавонист рӯзи Ғалабаро дар майдони ҷанг таҷлил кунад. Дар пайи як задухӯрд ӯ ҷароҳати вазнин бардошт ва бистарӣ шуд. Хабари пирӯзии ҳамсангаронашро алакай дар зодгоҳаш шунид.
Бозгашти Бобои Ғулом ба зодгоҳаш ҳам ғайриинтизор буд. Ҳанӯз бо ёдоварии он лаҳза дар чеҳраи пурожангаш табассум пайдо мешавад. “Вақте ба хона наздик шудам, дидам, ки хона пур аз одам аст. Пурсидам, ки чӣ гап аст, тағоям гуфт, ки сари соли туро медиҳем. Баъдан, маълум шуд, ки хатти сиёҳи ман омада будааст ва онҳо маросими баъдазмаргии маро дода будаанд,” – нақл кард ӯ.
“В бой за Родину,
В бой за Сталина” Ин суруди сарбозони артиши Шӯравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ҳанӯз дар зеҳни кӯҳансарбозон сабт аст. Ҷумъа Пӯлодов, дӯст ва ҳамсангари Бобои Ғулом, ки замони ҷанг зери як идеология, яъне "Барои Ватан ва Сталин" меҷангиданд, ҳоло бо гузашти 71 сол назарҳояшон тағийр хӯрдааст.
Ба фарқ аз Бобои Ғулом ӯ дар синни 16 ихтиёрӣ ба ҷанг рафтааст ва бештар аз адолатпешагию баробарии он замон сӯҳбат мекунад: "Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама. Касе тоҷику рус намегуфт. Таҳқир набуд. Ҳама сарбози як артиш будем. Ҳама баробар буд. Адолат буд."
Аз замони ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Олмони фашистӣ ин кӯҳансарбозон сурудҳои ҷангӣ дар зеҳн, захмҳои тир дар бадан ва аксҳои кӯҳнае дар дафтари хотирот доранд. “Дар автомати ман як тир будааст, нафаҳмидам. Дидам, ки аз пушти девор немис мегузарад, задам, нарасид. Ӯ таппончаашро баровард ва парронд. Автомат аз дастам ғалтид. Ӯро рафиқонам парронданд, вале дасти ман дигар кор намекард. Дастамро қариб буриданд, аммо пас аз табобати чандмоҳа хуб шуд,” – мегӯяд ӯ.
Дар баробари Бобои Ғулом ва Ҷумъа Пӯлодов аз шаҳри Кӯлоб 13 ҳазор нафар дар ҷанги Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ ширкат карданд. Ҳоло аз иштирокдорони он ҷанг дар Кӯлоб танҳо 7 нафар боқӣ мондаанду бас. Пириву барҷомондагӣ имкон немедиҳад, то онҳо низ дар тантанаҳои пирӯзӣ бар фашизм ширкат карда, гашти низомӣ анҷом диҳанд.
Тантанаҳо ва шодию сурур аз пирӯзии Шӯравӣ ба Олмони фашистӣ барои ин кӯҳансарбозон аз майдонҳои бузург то болини беморӣ дар манзилҳои зисташон танг шудааст.