Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матни пурраи гузориши солонаи Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико


Комиссияи Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико оид ба озодии динии байналмилалӣ (USCIRF) як ниҳоди ҷудо ва алоҳида аз Вазорати корҳои хориҷии ИМА аст. Ин ниҳод аз ҷониби Конгресси ИМА ташаккул ёфта, мақоми машваратии мустақил ва дуҳизбӣ аст, ки озодии диниро дар саросари ҷаҳон назорат мекунад ва ба Президент, Вазири корҳои хориҷӣ ва Конгресси ИМА оид ба масъалаҳои сиёсат тавсияҳо медиҳад. USCIRF дар ин тавсияҳо мандати оинномавии худ ва стандартҳоеро, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалӣ баён шудаанд, чун асос қарор медиҳад. Гузориши солонаи 2016 натиҷаҳои кори яксолаи кормандони ваколатдор ва мутахассисонро дар бар мегирад, ки кӯшиш кардаанд, нақзҳои дар маҳалҳо руйдодаро сабт намуда, ба Ҳукумати Амрико тавсияҳои мустақили худро оид ба масъалаҳои сиёсат пешниҳод намоянд. Гузориши солонаи 2016 давраи аз 1 феврали соли 2015 то 29 феврали соли 2016- ро фаро мегирад, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо ба баъзе рӯйдодҳои муҳиме, ки пас аз ин давра рух додаанд, инчунин ишора шудааст.

Тоҷикистон

Хулосаҳои асосӣ: Ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва берун аз назорати давлатӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва шоҳидони Яҳуваро саркӯбӣ карда, ба ҷазо мекашад. Аз соли 2009 ин тараф дар кишвар як силсила қонунҳое ҷорӣ карда шудаанд, ки ба таври шадид озодии диниро маҳдуд месозанд. Ҳукумат инчунин шахсони алоҳидаро бо иттиҳомоти ҷиноии собитнашудаи марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ба зиндон мекашад. Дар соли 2015 Суди олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби сиёсии мухолифро, ки давоми 15 сол расмӣ буд, ҳамчун ҳизби “экстремистӣ” мамнӯъ эълон кард ва мувофиқи гузоришҳо 100 нафар аз пешвоён ва аъзоёни он ҳабс шуданд. Фаъолияти шоҳидони Яҳува аз соли 2007 манъ карда шудааст. Бар асоси ин нигарониҳо, ки аз соли 2012 ин тараф мавҷуданд, Комиссияи Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико оид ба озодии динии байналмилалӣ (USCIRF) бори дигар дар соли 2016 тавсия менамояд, ки Ҳукумати ИМА Тоҷикистонро мувофиқи Қонуни байналмилалии озодии дин (IRFA) ба сифати “кишвари боиси нигарониҳои хос” ё (CPC) муайян намояд. Қаблан Тоҷикистон, аз соли 2009 то соли 2011, дар сатҳи 2-и USCIRF (номи пешинааш Рӯйхати пайгириҳо) ҷой дода шуда буд.

Заминаҳо

Тоҷикистон як кишвари дурдаст ва қашшоқшудаест, ки ҷанги панҷсолаи шаҳрвандиро дар солҳои 1990 паси сар кардааст. Ин ҷанг ҳаёти беш аз 100 000 нафарро аз байн бурдааст; авфи расмии пасазҷангӣ бисёре аз мансабдорони расмии кишварро дар бар мегирифт, ки барои истифодаи шиканҷа масъул дониста шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон суст ва хеле фасодзада аст ва иқтисодиёти кишвар ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия, вобаста аст. Пас аз поёнравии иқтисодиёти Русия садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2015 бо камтарин имкониятҳои пайдо намудани шуғл ба Тоҷикистон баргаштанд, ки боиси шиддати нави иҷтимоӣ гаштааст.

Бештар аз 90 дар сади аҳолии 7,9 миллионнафараи Тоҷикистон мусулмон ҳастанд, ки аксари онҳо пайрави мазҳаби ҳанафии исломи суннӣ мебошанд; тахминан 4 дар сади аҳолӣ шиаи исмоилӣ ҳастанд. Аксаре аз 150 000 нафар масеҳиён русҳои ортодокс буда, инчунин протестантҳо ва католикҳои романӣ ҳастанд. Илова бар он, миқдори ками баҳоиҳо, пайравони Кришна, шоҳидони Яҳува ва камтар аз 300 нафар яҳудиён мавҷуданд.

Пас аз қабул ва амалӣ шудани як қатор қонунҳои бениҳоят маҳдудкунанда муҳити ҳуқуқии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ ба таври назаррас бад шуд. Қонуни дин аз соли 2009 барои гурӯҳҳои мазҳабӣ талаботҳои сахти бақайдгирӣ ҷорӣ мекунад; мувофиқи он фаъолиятҳои мазҳабии ба қайд гирифта нашуда, таълимоти хусусии динӣ ва таблиғоти динӣ (прозелитизм) ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад; дар бобати миқдор ва андозаи масҷидҳо маҳдудияти сахт ҷорӣ мекунад; дар таъини имомон дахолати давлатро иҷозат медиҳад; аз ташкилотҳои динӣ барои таъмини дастурҳои динӣ ва робита бо ҳаммазҳабони хориҷӣ иҷозати расмӣ дархост менамояд; бар рӯи мӯҳтаво, нашр ва воридоти маводҳои динӣ назорати давлатӣ ҷорӣ мекунад; намозгузориро дар масҷидҳо, қабристонҳо, манзилҳо ва зиёратгоҳҳо маҳдуд месозад.

Дар соли 2011 ва 2012 тағйиротҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ ва маъмурӣ як қатор ҷазоҳои нав, аз ҷумла ҷаримаҳои калон ва мӯҳлатҳои зиндон барои иттиҳомоти марбут ба дин, ба монанди ташкил ё иштирок дар ҷамъомадҳои “иҷозатнашудаи” диниро муайян намудааст. Барои ташкилкунандагони эҳтимолии “гурӯҳҳои омӯзишии ифротии динӣ” аз ҳашт то 12 соли зиндон муқаррар шудааст. Илова бар ин, бо қонуни соли 2011 оид ба масъулияти падару модарон иштироки ноболиғон дар ҳама гуна фаъолиятҳои муташаккили динӣ, ба ҷуз маросими ҷаноза манъ карда шуд. Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар яке гузоришҳои охирини Озодии байналмилалии динӣ (IRF) қайд кардааст, ки “Тоҷикистон ягона кишвари ҷаҳон аст, ки дар он қонун иштироки шахсони то 18 соларо дар фаъолиятҳои умумии динӣ манъ кардааст”.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ифротгароӣ” фаъолиятҳои ифротгароӣ, террористӣ ё инқилобиро бидуни амалҳое, ки боиси зӯроварӣ ё барангехтани хушунат мегарданд, мавриди ҷазо қарор медиҳад. Дар мурофиаҳои судии ин гуна иттиҳомот додрасии боадолатона ва кафолатҳои мурофиавӣ мавҷуд нестанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои асоснок намудани амалҳои худ алайҳи шахсони алоҳидае, ки дар фаъолиятҳои муайяни динӣ иштирок мекунанд, нигарониҳояшро оид ба ифротгароии исломӣ сабаб меорад. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, ба рӯйхати гурӯҳҳои аз тарафи давлат манъшуда гурӯҳҳои мазҳабии ғайрихушунатомез, ба монанди Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҷамоати Таблиғ, Бародарони мусулмон ва Гурӯҳи 24 (гурӯҳи мухолифини сиёсии тоҷик) дар радифи чунин гурӯҳҳои террористии эътирофшуда, ба монанди Алқоида, Толибон, Гурӯҳи Исломӣ (Ҷамоати исломии Покистон), Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ Ҷунбиши исломии Узбакистон, ҶИУ) ва Лашкари

Тайиба дохил карда шуданд. Моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин рӯйхат шомил карда шуд.

Шароитҳои озодии динӣ дар солҳои 2015-2016

Маҳдудиятҳо нисбати мусулмонон: Қонун намозгузории мусулмононро дар чаҳор ҷой маҳдуд мекунад: масҷидҳо, қабристонҳо, хонаҳо ва мазорҳо. Мақомоти расмии Тоҷикистон масҷидҳо ва мардумеро, ки ба онҷо мераванд барои ақидаҳое, ки ба назари онҳо зиддиҳукуматӣ ва ифротӣ мерасад, таҳти назорат қарор медиҳанд; нисбати сарулибоси мусулмонӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунанд; теъдод ва синну соли зойирони ҳаҷро маҳдуд мекунанд; аз моҳи апрели соли 2015 сафари нафарони то 35сола ба ҳаҷ манъ карда шудааст. Кумитаи оид ба корҳои дин интихобу ҳифозати имомон ва мӯҳтавои хутбаҳои намозро назорат менамоянд. Аз соли 2014 ҳукумат маоши имом-хатибонро дар масҷидҳои ҷомеъ пардохт мекунад; ин масҷидҳо танҳо масҷидҳое мебошанд, ки давлат намозгузориро дар он ҷо иҷозат медиҳад (хутбаҳои намоз қаблан аз ҷониби Шӯрои нимарасмии уламо таҳия мегардад). Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои уламо дастур додааст, ки либоси ягонаи имомонро қабул кунад. Маркази таҳлилии ТҒД-и Тоҷикистон Шарқ гузориш медиҳад, ки чунин сиёсатҳо шикофи байни рӯҳониёни мусулмони расмӣ ва ғайрирасмиро зиёд карда, боиси беэътимодии мардум нисбати муассисаҳои исломӣ гаштааст. Дар моҳи июли соли 2015 намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе масҷидравандагонро ҳангоми намози ҷумъа огоҳ намуд, ки барвақт намозро тарк накунанд, ки ба гуфтаи ӯ ин амр дар исломи ҳанафӣ маъмул нест; ба гузориши хабаргузории Азия-Плюс се моҳ дертар Кумитаи оид ба корҳои дин ба намози пешини ҷумъа рафтани кормандони давлатиро манъ кард.

Қонун пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ манъ намуда, ба омӯзгорони синнашон аз 50сола поён ришгузориро дар биноҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад. Моҳи марти соли 2015, Президент Раҳмон занонро барои пӯшидани либоси “ғайримаъмулӣ” маҳкум намуд; телевизиони давлатӣ аз ҷониби пулис нигоҳ дошта шудани 10 зани ҳиҷобпӯшро намоиш дод, ки ба қавли пулис занони бадахлоқ буданд. Бино бар гузориши Азия -Плюс моҳи январи соли 2016 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6673 занро ба қатъ кардани ҳиҷобпӯшӣ, ҳамчун ҷузъи маъракаи миллии соли 2015 “ташвиқ намуданд”; дар саросари кишвар ҳазорҳо мардони ришдор аз ҷониби пулис боздошт шуда, изи ангуштонашон гирифта шуд ва ба тарошидани риш водор карда шуданд.

Дар байни солҳои 2004 то 2014 Шӯрои уламо ба масҷид рафтани занонро манъ намуд. Дар соли 2014 ин шӯро эълон намуд, ки ба намозгузории занон дар масҷид иҷозат медиҳад ва духтарони донишҷӯи мадрасаҳои диниро ташвиқ менамояд, ки имом-хатиб интихоб гардида, ҳамроҳи занҳои намозгузор танҳо дар масҷидҳое, ки бахши занона доранд, кор кунанд.

Мурофиаҳои судӣ ва боздошти мусулмонон: Дар давоми соли 2015 мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошт ва таъқиби даҳҳо нафар шахсонро бо иттиҳоми эҳтимолии робита бо гурӯҳҳои мамнӯи исломӣ ё шабакаҳои байналмилалии террористӣ идома доданд. Бинобар системаи ноқиси судии Тоҷикистон тасдиқи дурустии ин гуна иттиҳомот комилан ғайриимкон аст.

Ҳукумат нигаронии худро оид ба миқдори рӯзафзуни мақомоти тоҷик, ки бино бар гузоришҳо салафӣ ё мусулмони шиа шудаанд баён карда, ҷараёни Салафияро аз соли 2014 ҷараёни ифротгаро эълон намуд. Маркази таҳлилии Шарқ гузориш медиҳад, ки салафия дар байни элитаи тоҷик хеле машҳур гаштааст. Ҷонишини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин пайравони салафияро бинобар комилан бо асосҳои ислом мувофиқ набуданашон ифротгаро номид. Мусулмонони салафӣ ҳоло мувофиқи моддаҳои марбут ба ифротгароии (экстремизми) Кодекси ҷиноятӣ таҳти хатари аз панҷ то 12 соли боздошт қарор доранд.

Радиои Озодӣ (RFE/RL) хабар дод, ки дар моҳи феврали соли 2015 Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки 200 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба сафи ҷангиёни Сурия ҳамроҳ шудаанд, аммо дигарон ин ададро тасдиқ карда натавонистанд. Генерал Гулмурод Ҳалимов, раиси воҳиди махсуси вазорати корҳои дохилӣ (ОМОН), 27 моҳи майи соли 2015 дар навори видеоӣ гуфт, ки як сабаби ба тарафи ДОИШ дар Сурия гузаштани ӯ афзоиши маҳдудиятҳо нисбати озодии динӣ дар Тоҷикистон аст.

Манъ шудани ҲНИТ: То соли гузашта Тоҷикистон як ҳизби сиёсии исломии расмӣ дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дошт. Ин мақоми расмӣ ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар натиҷаи паймони сулҳи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дода шуд. Таъқиб шудани амалҳои исломӣ аз ҷониби давлат аксар вақт бо кӯшишҳои давлат барои саркӯб кардани ҲНИТ, ки ба эҳтиром кардани сарқонуни дунявӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии озодии дин даъват мекард, ба ҳам марбут мебошанд. ҲНИТ дар соли 2014 ташаббуси парламенти кишварро дар бораи иҷозат ба масҷидравии кӯдакон дастгирӣ намуд ва дар соли 2015 маъракаи расмиро бар муқобили ришу ҳиҷоб танқид кард.

Охири августи соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон ба ҲНИТ супориш дод, ки ҳама гуна фаъолияташро қатъ кунад. 17 сентябр Додситони кулл ҲНИТ-ро барои барангехтани хушунат, аз ҷумла дар ҳамлаи 4 сентябри ба посгоҳи пулис, ки дар асари он 39 кас кушта шуданд, мутаҳҳам кард. Дар охири моҳи сентябр Суди Олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро ҳамчун «созмони ифротгаро ва террористӣ” барои нақши эҳтимолии ҳизб дар ин ҳамла манъ кард. Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки маҷбуран дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, иддао мекунад, ки гуноҳи ифротгароӣ алайҳи ҳизби ӯ бардурӯғ аст ва ангезаи сиёсӣ дорад. Намояндагии ИМА дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфтааст, ки он “ҳеҷ далели муътамад намебинад, ки ҲНИТ ҳамчун созмон дар ташкили ҳамлаҳо дар шаҳри Душанбе ва атрофи он даст дошта бошад.”

Бино бар гузоришҳо тахминан 200 нафар аъзои ҲНИТ, аз ҷумла узви собиқи парламент Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини роҳбари ҳизб Маҳмадалии Ҳаит, рӯзноманигор Ҳикматулло

Сайфуллозода, исломшинос Зубайдуллоҳ Розиқ ва бисёр фаъолони минтақавии ҳизб ба маҳбас кашида шуданд. Ба онҳо дастрасӣ ба хидмати духтур ва вакили мудофеъ рад карда шуд. Як рӯз пас аз ҳабс шуданаш узви собиқи парламент Сайидумар Ҳусайнӣ ба вакили мудофеи худ гуфт, ки ӯ шиканҷа шудааст. Вакили мудофеи Ҳусайнӣ, Бузургмеҳр Ёров низ ба ҳабс гирифта шуд. Мушовири ҳуқуқии зиндонии ҲНИТ, Зарафо Раҳмонӣ бинобар шароитҳои боздошт бо худкушӣ таҳдид кардааст. Амнести Интернешнл (Amnesty International) нигаронии худро бобати шиканҷа шудани фаъолони маҳбуси ҲНИТ баён кард. Моҳи январи соли 2016 се ҳуқуқшинос, ду ҳуқуқшиноси турк ва як ҳуқуқшиноси рус, пас аз кӯшиши пайдо намудани дастрасӣ ба аъзои маҳбуси ҲНИТ аз замини Тоҷикистон берун карда шуданд. Наздикони аъзоёни ҲНИТ аз ҷониби ҳукумат таҳдид карда шуданд; вақте Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2015 огоҳӣ ёфт, ки Муҳиддин Кабирӣ дар як чорабинии давлатӣ дар Вашингтон мехоҳад баромад кунад, 10 нафар хешованди Кабирӣ, аз ҷумла падари 95 солаашро боздошт кард. Гузориш дода мешавад, ки ҳадди ақал 1000 нафар аъзои ҲНИТ кишварро тарк карданд; Ҳукумати Тоҷикистон барои истирдод шудани онҳо пофишорӣ мекунад. 9 феврали соли 2016 Суди Олии Тоҷикистон ба мурофиаи пӯшидаи 13 аъзои пешбари ҲНИТ, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳаит ва Зарафо Раҳмонӣ, ки ба кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат айбдор мешаванд, шурӯъ намуд.

Вазъи масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо: Қонунгузории Тоҷикистон миқдори масҷидҳои иҷозатшударо шадидан маҳдуд кардааст. Аз соли 2008 ҳукумат садҳо масҷидҳои сабтнашуда ва намозгоҳҳоро баста, се масҷиди сабтнашударо дар шаҳри Душанберо вайрон кард. Ягона синагогаи мавҷуд дар кишвар, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир буд, соли 2008 бо булдозер ба хок яксон карда шуд. Дертар ба ҷамоати яҳудиён иҷозати ибодаткунӣ дар биное дода шуд, ки онро додарарӯси Президент Раҳмон, яке аз сарватмандтарин бонкдори Тоҷикистон фароҳам кард. Баръакс Маркази фарҳангии Оғохон, аввалин маркази исмоилиёни Осиёи Марказӣ соли 2009 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт ва кишвари Тоҷикистон эълон кард, ки яке аз бузургтарин масҷидҳои ҷаҳон, ки бунёди онро кишвари Қатар сармоягузорӣ мекунад, дар соли 2017 дар Душанбе кушода хоҳад шуд.

Маҳдудиятҳо нисбати аққалиятҳои динӣ: Протестантҳо ва дигар гурӯҳҳои хурд бо сабаби талаботҳои душвори бақайдгирӣ мавқеи расмӣ пайдо карда наметавонанд, инчунин фаъолияти шоҳидони Яҳува барои ба қавле эҷоди “норизоятӣ” дар байни мардум ва истифодаи ҳуқуқи эътироз ба хидмати ҳарбӣ соли 2007 манъ карда шуд. Хабаргузории Форум 18 дар бораи якчанд мавридҳои марбут гузориш дод: дар моҳи июли соли 2015 пулис дар вилояти Суғд ду дафъа Шоҳидони Яҳуваро боздошт ва ҷазоҳои маъмурӣ додааст. Моҳи январи соли 2015 Кумитаи оид ба корҳои дин калисоҳои гуногуни протестантиро таҳдид намуд, ки барои қатъ накардани иштироки кӯдакон дар ибодатҳо муҷозо хоҳанд шуд.

Маҳдудиятҳо нисбати адабиёти динӣ: Ҳукумат бояд нашр, воридоту содирот, фурӯш ва паҳну тақсими маводи диниро аз ҷониби гурӯҳҳои динии ба қайд гирифта шуда ба тасвиб расонад, маводи динӣ аз ҷониби гурӯҳҳои динии ба қайд гирифта нашуда мамнӯъ

аст. Вазорати фарҳанг матнҳои диниеро, ки номуносиб медонад, аз ҷумла мансуб ба шоҳидони Яҳуваро мусодира кардааст. Моҳи августи соли 2015, Агентии миллии иттилоотӣ ба оператори алоқаи мобилии Tcell супориш дод, ки якчанд сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла turajon.org, сомонае, ки аз Калифорния боз шудааст ва аз ҷониби Нуриддинҷон Ҳоҷӣ Акбар ва Маҳмудҷон, писарони шайхи сӯфӣ Муҳаммадрафеъ Тӯраҷон идора мешавад, масдуд намояд. Ин ду бародар ба таври ошкор ба маҳдудияти масҷидравии занон аз соли 2004 муқобил баромаданд; сомонаи онҳо бахши саволу ҷавоб оид ба масоили диниро дарбар мегирифт, ки нодиртарин имкониятро барои занон барои ҷустани аҳкоми шаръӣ аз пешвоёни мусулмони мард фароҳам мекард.

Маҳдудиятҳо нисбати таълимоти динӣ: Барои омӯзиши динӣ иҷозатномаи давлатӣ лозим аст ва ҳам падар ва ҳам модар барои таълими кӯдакон бояд иҷозати хаттӣ диҳанд. Танҳо масҷидҳои марказӣ иҷозати ташкили гурӯҳҳои омӯзиширо доранд. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ то декабри соли 2013 аз ҳашт мадрасаи кишвар фаъолияти ҳафт мадраса манъ шуда буд; ҳоло танҳо як мадрасаи воқеъ дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Донишгоҳи исломӣ, ки таҳти назорати давлат аст, дар миёнаи соли 2015 эълон намуд, ки фаъолияти мадрасаи он “муваққатан қатъ” шудааст, аммо маълум аст, ки то замони навишта шудани ин гузориш он баста боқӣ мемонад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушкилоти динӣ: Ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик таҳти фишори расмӣ қарор дорад ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бинобар хавфи эҳтимолии аксуламали манфии ҳукумат аз гузоришдиҳӣ дар бораи озодиҳои динӣ тарс доранд. Дар давоми соли 2015 раванди шахспарастии президент авҷ гирифтааст. Масалан, дар моҳи декабри соли 2015, қонунгузорони тоҷик барои ба Эмомалӣ Раҳмон додани унвони “пешвои миллат” ҳамчун ба “асосгузори сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон” раъй доданд ва ба ӯ масунияти якумрӣ аз таъқиби қонунӣ дода шуд. Мувофиқи гузоришҳо моҳи январи соли 2016 олими пешбари мусулмон пешниҳод кард, ки ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои ҳамаи занҳои тоҷики пайрави ислом шинохта шавад.

Сиёсати ИМА

Тоҷикистон аз ҷиҳати стратегӣ барои ИМА муҳим аст, қисман бо он сабаб, ки тоҷикони қавмӣ дуюмин гурӯҳи калони қавмӣ дар Афғонистон, ҳамсояи ҷанубии Тоҷикистон мебошанд. Аз соли 2010 ба ин тараф ИМА ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон густариш дод, то ин ки борҳои худро бо роҳи заминӣ тавассути шабакаи тақсимотии шимолӣ интиқол дода тавонад, ки он ба низомиёни НАТО ва ИМА ҳангоми тарки Афғонистон лозим хоҳад шуд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба вуруди Қувваҳои амалиётии махсуси ИМА ба қаламрави худ дар асоси “ҳолат ба ҳолат” ҳангоми иҷрои амалиётҳои зиддитеррористӣ иҷозат додааст.

Аз соли 2010 ба ин тараф, Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико ва Тоҷикистон масоили сиёсати дуҷониба ва масоили кӯмакро тавассути Машварати дуҷонибаи солона (ABC) мавриди муҳокима қарор додаанд; Машварати дуҷонибаи солонаи панҷум байни ИМА ва Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид. Вазорати корҳои хориҷии ИМА эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тақвияти мустақилияту суботи кишварро аз афзалиятҳои ҳамкории худ бо Тоҷикистон мешуморад. Гузориши солонаи Озодии Байналмилалии динии Вазорати корҳои хориҷии ИМА бадшавии озодиҳои диниро дар Тоҷикистон сабт кардааст.

Аз соли 1992 Ҳукумати ИМА тавассути барномаҳои кӯмакӣ ба маблағи бештар аз як миллион доллар барои рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амният кӯмак фароҳам кардааст. Барномаи кӯмаки ИМА ба ниҳодҳои демократӣ ба такмили қонунгузории марбут ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва сухан; кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои ахбори электронии ғайридавлатии қавитар мусоидат мекунад. Дар соҳаи амният, диққати асосӣ ба мубориза бо ифротгароии хушунатбор ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона шудааст.

Дар давоми соли 2015, Тоҷикистон як идда мақомоти баландпояи ИМА, асосан аз Вазорати дифоъи Амрико, аз ҷумла фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА (USCENTCOM) Генерал Ллойд Ҷ. Аустин III-ро (Lloyd J. Austin III) пазируфта буд. Дар моҳи сентябри соли 2015 Сафорати ИМА дар Душанбе машқҳои ҳамкории минтақавӣ, бузургтарин машқҳои чандҷонибаи солонаи фармондеҳӣ ва ситодии USCENTCOM бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ташкил намуд. Вазири неруҳои дарёии ИМА Рэй Мабус (Ray Mabus) моҳи ноябри соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф овард. Вазири корҳои хориҷӣ Ҷон Керри (John Kerry) низ моҳи ноябр ба Тоҷикистон сафар карда буд. Пас аз вохӯрӣ бо президент Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҷон Керри дар як эъломияи расмӣ мушкилиҳои амниятӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро қайд кард ва зарурати мубориза бо ифротгароии хушунатборро ҳамзамон бо эҳтироми ҳуқуқи башар, озодии динӣ ва иштироки фаъоли сиёсӣ таъкид намуд.

Тавсияҳо

Илова бар ин тавсия, ки Ҳукумати ИМА Тоҷикистонро ҳамчун “кишвари боиси нигарониҳои хос” муайян намояд, Комиссияи Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико оид ба озодии динии байналмилалӣ (USCIRF) инчунин тавсия мекунад, ки Ҳукумати ИМА бояд:

 Ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, то ин ки Қонуни дин аз соли 2009 ва қонунҳои марбутаи дигарро ба тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла тааҳҳудоти марбут ба озодии дин ё эътиқод, мувофиқ намояд, инчунин ба таври умумӣ нақзи ин тааҳҳудотро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мавриди танқид қарор диҳад;

 Барои таъмин кардани танқиди хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар бобати муносибати репрессивии Тоҷикистон дар масоили танзими дин ва мубориза бо ифротгароӣ, аз ҷумла хавфи ифротгаро кардани аҳолии кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ кор барад, аз ҷумла дар ҷараёни чорабиниҳо оид ба мубориза бо терроризм, ки аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сарпарастӣ шудааст;

 Ҳукумати Тоҷикистонро ба мувофиқат намудан ба боздидҳои гузоришгарони махсуси СММ оид ба озодии дин ва эътиқод, мустақилияти системаи судӣ ва шиканҷа, таъин намудани рӯзҳои муайяни боздидҳо ва таъмин кардани шароити комилу лозимӣ барои ташкили чунин боздидҳо даъват намояд;

 Дар болотарин сатҳҳо пофишорӣ кунад ва барои таъмини озодии фаврии ашхоси ҳабсшуда барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ ё мансубияти мазҳабияшон кор барад;

 Боварӣ ҳосил намояд, ки сафорати ИМА назорати мурофиаҳои судии шахсонеро, ки бинобар мансубият ё фаъолияти динияшон гунаҳкор дониста мешаванд, идома дода, бо фаъолони ҳуқуқи башар робитаи муносиб эҷод менамояд ва Ҳукумати Тоҷикистонро водор мекунад, ки тамосу дастрасии бештари ҳар як боздоштшударо бо аъзои оила, нозирони ҳуқуқи башар, хидмати муносиби тиббӣ ва вакили мудофеъ фароҳам кунад; ва

 Боварӣ ҳосил намояд, ки кӯмаки ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба истиснои кӯмакҳои башардӯстона ва барои пешрафти ҳуқуқи башар пешбинишуда, дар сурате анҷом мегирад, ки агар ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххасро барои ислоҳоти Қонуни дин ва беҳбуди шароити озодии динӣ ва эътиқод мураттаб ва амалӣ намояд.

XS
SM
MD
LG