Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи 21 сокини Кӯлоб барои шикори гургу хук


Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 21 нафарро барои шикори ғайриқонунии гург, хуки ваҳшӣ ва кабк ҷарима бастаанд.

Дар тӯли чор моҳи соли ҷорӣ бахши Кумитаи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 21 сокини шаҳру навоҳии ин минтақаро барои шикори гург, хуки ваҳшӣ ва кабк, ки аз моҳи феврал то сентябр мамнӯъ аст, ба ҳисоби 2320 сомонӣ ҷарима кардааст. Баҳодур Бобоев, сардори бахши ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моддии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 30 апрел ба Озодӣ гуфт, умдатан сокинони ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин (Шӯрообод) ва Фархор ба ин амал даст задаанд.

Ҷарима шудани сокинони минтақаи Кӯлоб барои шикори гург, хук ва кабк дар ҳолест, ки ҳамеша сокинон аз ҳамлаи гургу хук шикоят мекунанд. Толиб Ҳакимов, сокини ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон, рӯзи 30 апрел гуфт, онҳо замоне даст ба шикор мезананд, ки аз сӯи ин ҳайвонот ба онҳо ҳамла сурат мегирад. Вале ба хотири кам нашудани теъдоди ин ҳайвонот кормандони ҳифзи муҳити зист шикорро мамнӯъ кардаанд.

Толиб Ҳакимов
Толиб Ҳакимов

"Ҳамин замистон гург омад, аммо кормандони экология мегӯянд, ки назанед. Агар назанем, онҳо ба худамон зарар мерасонанд. Ҳоло вақти зироаткорӣ шудааст, хукҳо ҳар шаб ба ҳотаҳо медароянд, аммо ҳоло ягон чиз нашудааст. Вақте меваҳо пӯхтанд, баъд омада зарар мерасонанд. Агар ин ҳайвонҳоро задем, кормандони экология дарак ёфта, то 250-300 сомонӣ ҷарима мекунанд," - гуфт мусоҳиби мо.

Сокинон мегӯянд, ки тайи панҷ соли охир аз ҳисоби шикор нашудан теъдоди гургу хук бештар шуда, ба сокинон зиён мерасонанд.

Ҷумаъбой, як сокини деҳоти Сурхоби ноҳияи Фархор, ба Озодӣ гуфт, ки соли гузашта ҳудуди 20-30 хук шабона ба майдони тарбузу харбузааш даромада, ба ӯ хисороти зиёд расондаанд: "Ҳудуди 20 ҳазор дона тарбузро нобуд карданд. Билохира камон гирифтаму чанде аз онҳоро шикор кардам. Сипас, омаданашон ба сӯи палаки ман камтар гашт," --гуфт Ҷумаъбой.

Зимнан, як сол қабл Наргиси Саидакбар, як навраси даҳсолаи сокини деҳаи Каримбердии ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бар асари ҳамлаи хуки ваҳшӣ ҷон дода буд. Сокинони ин деҳот ба Озодӣ гуфта буданд, ин хукҳо дар гузашта ба чорво ва заминҳои корами сокинон ҳамла карда ва зарари молӣ расонида ва ҳоло ба сокинон низ ҳамла мекунанд.

Дар ҳоле ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар шахс барои шикори ғайриқонунии хуки ваҳшӣ ва гург аз 80 то 300 сомонӣ ҷарима мешаванд, сокинон мегӯянд, онҳо маҷбуранд барои ҳифзи ҷону молашон онҳоро шикор кунанд.

XS
SM
MD
LG