Ҳаким Фузайлов, ситораи маъруфи футболи тоҷик сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Ҳаким Фузайлов, ки аз моҳи январи соли равон дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар мақоми муовини раиси департаменти фаннӣ кор мекард, дар мақоми ҷадидаш Мубин Эргашевро иваз кард. Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб – рӯзи 30 март ҳамроҳ бо ёваронаш Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаашон барканор шуданд. Дастаи Тоҷикистон дар ин марҳила дар гурӯҳи "В" аз тими мунтахаби Австралия бо ҳисоби 0:7 ва аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар мақоми чорум ҷой гирифт. Баъди шикасти бузург аз Австралия Эргашев ҳатто бо бемории қалб ба бемористон афтод.
Мубин Эргашев тобистони соли гузашта иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуда буд. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро иваз карда буд. Муҳаммадиев баъд аз нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод.
Ба ин тартиб, Ҳаким Фузайлов дар камтар аз як соли охир алакай севумин нафарест, ки ба раҳбарии тими миллии футболи Тоҷикистон таъин мешавад. Расми муаррифии ӯ ба ҳайси сармураббии тими миллӣ рӯзи 3 май доир мешавад ва Ҳаким Фузайлов рӯзи 2 июн барои бори аввал ҳамчун сармураббии тими миллии Тоҷикистонро ба майдон мебарорад. Дар он рӯз тими Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо Бангладеш бозӣ мекунад. Бозии ҷавобии ин бу тим рӯзи 7 июн дар Дакка, пойтахти Бангладеш мегухарад ва барандаи рақобат ба даври гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, номзадии Ҳаким Фузайлов аз байни чанд нафар интихоб шуд: “Чанд номзад мавридибаррасӣ қарор дод, вале дар ниҳоят интихоб рӯи Ҳаким Фузайлов қарор гирифт. Инро дар назар гирифтанд, ки ӯ чандин сол дар Русия кор кардааст. Ва ҳам ин ки ӯ дар Федеросиюн кор мекунад ва кораш барои ҳама ошност.”
Дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар назди Ҳаким Фузайлов вазифа гузоштаанд, ки тими Тоҷикистонро ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 барорад. Ин мусобиқот дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Худит Фузайлов ҳам гуфтааст, кидарёфти роҳхат ба Ҷоми Осиё-2019-рпо вазифаи асосии худ мешуморад. “Бовар дорам, ки мо аз ӯҳдаи ин мебароем,” – афзудааст ӯ дар мусоҳиба бо сомонаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон.
Фаридун Солиев гуфт, тими Тоҷикистон чанд дафъа ҳамагӣ дар як қадам аз дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дармонд, вале онҳо умедворанд, ки ин бор тими миллӣ комёб хоҳад шуд: “Ба марҳалаи ниҳоӣ аз 24 тим танҳо 12 тим роҳ меёбанд. Футболбозони тоҷик тавони гирифтани ҷо дар байни ин 12 тимро доранд ва ҳадафи асосии дар пеши Ҳаким Фузайлов гузошташуда низ ҳамин аст – роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2019.”
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст. Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба тими “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин тим аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Шӯравӣ ба тими “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.
Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси тими миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи Узбакистон дар соли 1995 гол задааст. Дар он бозии таърихӣ тими Тоҷикистон Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд боҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд.
Ҳаким Фузайлов баъди анҷоми бозӣ ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта тимҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва соли 2012 “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамкомандаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.
Бародари Ҳаким Фузайлов – Раҳматулло Фузайлов низ футболбози касбӣ буд. Ӯ дар тимҳои маъруфи “Алания”, “Шинник”, ҳамчунин дар “ЦСКА-Помир” ва “Регар-ТадАЗ” бозӣ карда, аз соли 1997 то анҷоми собиқаи бозиаш 15 соли тамом узви тими миллии Тоҷикистон буд.