Ягона мактаби тоҷикӣ дар рустои Ҷомии ноҳияи Спитамен, ҳаммарз бо вилояти Бекободи Узбакистон, рӯзи 26 апрел ба кор оғоз кард. Пештар наврасони тоҷики ин маҳал дар мактаби узбакӣ ва аз рӯи барномаи таълимии Узбакистон омӯзиш мегирифтанд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар минтақаи баҳсӣ бо Узбакистон гуфт, дабиристон бо дархости сокинону омӯзгорони маҳал сохта шудааст. Ӯ афзуд, ки ин мактаб ба шароити муосир ҷавобгӯ буда, хонандагони тоҷикро бо барномаи давлатии таълимӣ фаро хоҳад гирифт.
Баҳодур Тӯрабоев, мудири идораи маорифи Спитамен, рӯзи 27 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сокинони деҳаҳои Ҷомӣ ва Дӯстӣ қаблан мактаби тоҷикӣ надоштанд ва барои таҳсил 5 километр роҳро то деҳаи дигар тай мекарданд. "Гузашта аз ин, ҳудуди 90 кӯдаки тоҷик дар мактаби узбакии рақами 4 ва тибқи барномаи таълимии Узбакистон таҳсил мекарданд," - афзуд ӯ.
Тӯрабоев гуфт, ки ҳоло сокинони узбакзабон низ ба умеди он ки фарзандонашон забони тоҷикиро биомӯзанд, онҳоро ба мактаби нав овардаанд.
Ин мактаб дар минтақаи баҳсии Сарбанд ҷойгир аст, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, вале аз нигоҳи маъмурӣ тобеи Узбакистон аст. Ҷамоати Сарбанд ва деҳаи ҳамноми он то як соли пеш “Платина” ва деҳкадаи Ҷомӣ “Горный” ном дошт.
Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳияи Спитамен, ягона мактаби тоҷикии навбунёд дар ин маҳал якошёна буда, 8 синфхона дорад ва дар он 480 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. Баҳодур Турабоев гуфт: "Имсол дар ин мактаби рақами 32 талабаҳои то синфи 9-ум таҳсил мекунанд. Соли ояндаи таҳсил синфи 10 ва соли 2017 синфи 11-ро низ фаро мегирад."
Як зани сокини деҳаи Ҷомии ҷамоати Сарбанди ноҳия Спитамен мегӯяд, онҳо аз боз шудани ин мактаби тоҷикӣ, ки ба фарзандонаш имкони таҳсил бо забони модариро фароҳам кардааст, хушҳоланд. "Ҳамаи мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва забони давлатӣ тоҷикист. Инро алакай халқ фаҳмид, худи ҳамсояҳои узбакзабонамон ҳам талаб доранд, ки таълим ба забони давлатӣ ҷорӣ шавад," - гуфт ӯ.
Ба қавли ин мусоҳиби мо, ҳоло чандин талабаҳои мактаби рақами 4-и Узбакистон дар риштаҳои омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд таҳсил доранд ва дар оянда ба зодгоҳи худ рафта, саффи омӯзгоронро дар мактаби тоҷикӣ пурра хоҳанд кард.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҳукумати Суғд, мактаби тоҷикӣ дар ҷамоати марзии Сарбанди ноҳияи Спитамен бо 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар тӯли 4 моҳи гузашта сохта шудааст.
Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари мансубияти обанбори “Фарҳод” ва маҳалли Сарбанди канори он солҳо боз баҳс доранд. Обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод” ва деҳкадаҳои атрофаш - Сарбанд (Платина) ва Ҷомӣ (Горный) - солҳои 50-уми асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон бунёд шуда, обанбору нерӯгоҳ ҳазорон гектар замини Узбакистонро обёрӣ ва саноати ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Тоҷикистон ин обанбор ва нерӯгоҳи обии барқиро иншооти стратегии худ медонад.
Баъди мустақил шудани ин кишварҳо Узбакистон нерӯгоҳ, обанбори Фарҳод ва маҳалҳои атрофи он Сарбанду Кӯҳдоманро пурра таҳти назорати худ даровард ва дар пеши он посгоҳҳои марзиву гумрукӣ гузошт. Вале дар соли 2002 Тоҷикистон ин минтақаро дубора ба худ баргардонд. Аммо ба сокинони ҷамоати Сарбанд иҷоза дод, ки бидуни кадом мониа ба ҷойҳои кории худ дар Бекободи Узбакистон бираванд.
Ҳоло деҳкадаи Сарбанд умдатан ҷузъи қаламрави Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вале як қисми хурди он аз нигоҳи маъмурӣ ҳамоно дар тобеияти Узбакистон қарор дорад. Сокинонаш шаҳрвандии Узбакистонро доранд ва дар комбинати металлургии Бекободи он кишвар кор мекунанд.
Хуршеда Шокирова, сокини деҳкадаи Сарбанд шаҳрванди узбакзабони Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ду фарзандаш мактаби узбакии маҳалли зисташро хамт намуданд ва акнун умед дорад, набераҳояш дар мактаби нав таҳсил намуда, забони давлатиро биомӯзанд.
Тирамоҳи соли 2013 Тоҷикистон барои кӯдакони Хуррамзамин (собиқ - Фармонқурғон), дурдасттарин ҷамоати наздимарзии ноҳияи Спитамен низ як мактаби узбакиро бо як синфи тоҷикӣ боз карда буд. Тоҷикистон бо Узбакистон танҳо дар ноҳияи Спитамен чунин мушкилоти мактабу маориф дорад.
Баҳсҳои марзии ин кишварҳо дар вилояти Суғд умдатан сари соҳибӣ ба обанбор ва нерӯгоҳи Фарҳод мепечад. Узбакистон солҳостталаби минтақаро дошта, вале Тоҷикистон намехоҳад як қитъаи муҳими мулки худро дар ихтиёри Тошканд гузорад. Ҳамчунин, баҳсу даъвоҳо сари қитъаҳои замин миёни ин кишварҳо дар ноҳияҳои Ашту Конибодом ва Зафаробод вуҷуд доранд, ки ҷонибҳо сари ҳалли онҳо солҳост бо ҳам машварат доранд.