Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси додгоҳии раиси иттифоқи адвокатҳо бо Вазорати адлия


Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015
Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015

Раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Кумисюни санҷишии Вазорати адлияро ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе кашидааст.

Баҳси раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов бо Кумисюни санҷишии Вазорати адлия ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур кашида шудааст. Нуриддинов даъво дорад, ки Кумсиюни санҷишӣ ё тахассусии Вазорати адлия бидуни кадом асосу далели қонунӣ аз мақоми адвокатиаш маҳрум кардааст.

Исмоил Мирмахсумиён, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, бо тасдиқи ин хабар рӯзи 11 апрел ба Озодӣ гуфт, баҳси Саидбек Нуриддинов бо Кумисиюни санҷишии Вазорати адлия бар асоси аризаи шикоятии раиси иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон барои барқарор кардани мақоми вакилиаш шурӯъ шудааст. Ӯ гуфт, ин мурофиа ба таври боз идома дорад ва дар он намояндагони Вазорати адлия, масъулони Кумисюни санҷишии вакилони мудофеъ иштирок доранд.

Саидбек Нуриддинов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Кумисюни тахассусӣ ӯро беасос ва бидуни далели қонунӣ аз мақоми адвокатиаш маҳрум кардааст ва ӯ дар додгоҳ бо беш аз 18 соли собиқаи адвокатиаш талош хоҳад кард, ки ин мақом баргардонида шавад.

Исмоил Мирмахсумиён, додраси додгоҳи Шоҳмансур гуфт, азбаски ҳанӯз баррасии мавқеи тарафҳо дар ҷаласаи додгоҳ идома дорад, ҷузъиёти ин баҳсро шарҳ дода наметавонад. Дар мурофиаи додгоҳӣ муовини вазири адлия ва раиси Кумисюни тахассусӣ Абдуманнон Холиқзода даъват ва аз ӯ иллати аз мақоми адвокатӣ маҳрум кардани Саидбек Нуриддинов пурсида шудааст. Вазорати адлия дар робита ба мавқеи Кумисюни тахассусӣ дар мавриди Саидбек Нуриддинов шарҳе надодааст.

Вале як намояндаи Кумисюни тахассусии адвокатҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан ба Озодӣ гуфта буд, қазияи Саидбек Нуриддинов ба ҳодисаи соли 1997 бармегардад, ки ӯ он вақт ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият доштааст. "Ӯро барои вайрон кардани савганди додрасияш бо фармони раисиҷумҳур аз кор гирифта буданд. Нуриддинов соли 1997 ҳангоми баррасии як парвандаи ҷиноӣ кӯшиши тағйир додани парвандаро карда будааст. Барои ҳамин, ба ӯ мақоми вакилӣ дода нашуд," – афзуда буд манбаъ.

Саидбек Нуриддинов дар моҳи сентябри соли гузашта дар анҷумани вакилони мудофеъ бо дарёфти орои бештар ба мақоми раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба санҷиши адвокатҳо барои дарёфти мақоми вакилӣ шурӯъ кард. Ин тасмим ба дунболи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Ин тағйиру иловаҳоро вакилони Маҷлиси Намояндагонрӯзи 4 ноябри соли гузашта қабул карданд.

Аъзои ин комиссия аз ҳисоби кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иборатанд. Гуфта мешавад, агар комиссияи тахассусӣ мақоми адвокатии Саидбек Нуриддиновро дар пайи муроҷиати ӯ дубора тамдид накунад, вай аз фаъолияти вакилӣ ва ҳам аз вазифаи раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон маҳрум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG