Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи зидди қочоқи инсон дар Суғд


Дар панҷ шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияҳои густардае бо ҳадафи огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои хариду фурӯши инсон роҳандозӣ мешавад.

Созмони ҷамъиятии "Зан ва ҷомеа" дар панҷ шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияҳои густардаеро бо ҳадафи огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои хариду фурӯши инсон роҳандозӣ мекунад. Ба гуфтаи масъулони ин аксия, мавридҳои қочоқи сокинони Суғд умдатан дар муҳоҷирати кории Русия ва истисмори шаҳвонии баъзе занони минтақа дар кишварҳои шарқӣ, мисли Туркияву Аморати Муттаҳидаи Араб сурат мегирад.

Даврон Ҳамидов номи мустаори як марди миёнсолест, ки сардори гурӯҳаш ӯро ба як фермери рус фурӯхт ва ин мард баъди бозгашт ба Ватан, аз истисмори корӣ шуданаш ба мақомот шикоят бурдааст. Вай мегӯяд ки “моро роҳбаладамон барои кор ба Волгогради Русия бурд. Аввал дар як хоҷагӣ кор мекардем ва ҳаққамонро пурра пардохт мекарданд. Аммо сардори гурӯҳамон манро аз гурӯҳ ҷудо кард ва ба дасти як фермери рус дод. Вай бо гапҳои нағз манро се моҳ кор фармуд, аммо дар охир ҳатто ними дастмуздамро ҳам надод. Гуфт, ки ба сардори гурӯҳамон дода будааст.”

Хайринисо Расулова, аз масъулони созмони ҷамъиятии “Зан ва ҷомеа” дар Хуҷанд ва аз роҳандозони аксияи огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои хариду фурӯши инсон мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома, огоҳонидани ҷавонон аст, ки мавриди хариду фурӯш ва истисмор қарор нагиранд. Вай мегӯяд, солҳои охир як шакли нави мавриди хариду фурӯш қарор гирифтани шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла сокинони Суғд ва он ҳам умдатан дар Русия мушоҳида мешавад, ки огоҳонидани ҷавонон аз ин хатарро низ муҳим медонанд:

Хонум Расулова афзуд, ки “ҷалби сокинон ба сафи гурӯҳи “Давлатӣ исломӣ” ҳам як намуди нави савдои одамон мебошад. Чунки бо тарғибу ташвиқоти динӣ ва бо ваъдаи додани пули калон, ҷавонони тоҷикро асосан аз Русия, замони дар муҳоҷирати корӣ будани онҳо ҳамроҳи аҳли оилаашон ба Сурия равон мекунанд. Аммо дар он ҷо зану кӯдаконашонро ҳамчун гарав нигоҳ дошта, онҳоро ба майдони ҷанг равон мекунанд. Ва роҳи бозгашти ҷавонон ба ватанро мебанданд.”

Ба гуфтаи хонум Расулова, аксия алайҳи хариду фурӯши инсон, ҷавонони Суғдро бо мушкили мавриди қочоқ қарор гирифтани одамон, роҳҳои маъмулии ба доми одамфурӯшон афтидану мавриди истисмори корӣ ё шаҳвонӣ қарор гирифтан огоҳ намуда, меомӯзад, ки чӣ тавр худу дӯстон ва аҳли оилаашонро аз афтодан ба доми қочоқбарон, ҳимоят кунанд. Ба гуфтаи вай, ин аксия рӯзи 31 март нахуст дар ноҳияи Ашт оғоз ёфта, сипас 4 шаҳру навоҳии дигари Суғдро низ фаро мегирад.

Нафиса Рӯзиматова, танзимгари ин аксия дар ноҳияи Ашт рӯзи 31-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи аввали баргузории аксия, ҳудуди 200 нафар ҷавонон ва ҷавондухтарони аз 18 то 35-солаи ҷамоати Меҳрободи ин ноҳия ҷалб шудаанд. Онҳо аз ҳуқуқшиносон ва масъулон ба саволҳои худ посух гирифта, дар викторина иштирок кардаанд, ки дар ҳолати ба хатари савдои инсон рӯ ба рӯ шудан, барои халосии худ бояд чӣ кор бикунанд

Ба гуфтаи Рӯзиматова, “як саволи асоси ҷавонон ин буд, ки агар шахсе ба дасти гурӯҳи тундгаро афтад ва бо тарғибу ташвиқ ва фишори он гурӯҳ ё ки ихтиёрӣ ба ҷанги давлатии хориҷӣ раваду баъдан пушаймон шуда, ба ватан баргашта биёяд, оё давлат ва ҷомеа вайро мебахшанд? Аз ин гуна саволҳои онҳо аён буд, ки мавзӯи хатари хариду фурӯши инсон барои онҳо бегона нест ва онҳоро ҳам ба андеша водор мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомот, то кунун 7 ҷавони суғдӣ аз ҷанги Сурия ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Вале бар пояи маълумоти расмӣ, боз ҳам ҳудуди 170 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бархе ҳам бо аҳли оилаи худ дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Афғонистон ва Покистон қарор доранд.

Баҳси қочоқи инсон ва ҷалби ҷавонони Суғд ба гурӯҳҳои ифротиву тундрави мазҳабӣ ва қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар, ахиран дар ҷомеа доғтар шудааст. Мақомот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳандозии мулоқоту сӯҳбатҳо, аксияву корҳои фаҳмондадиҳӣ сокинонро ҳушдор медиҳанд, то ба доми қочоқгарон наафтанд ва худро аз тарғибгарони гурӯҳҳои тундрав, канор бигиранд.

Аксияи алайҳи савдои инсон дар вилояти Суғд, таҳти унвони “Ҳуқуқҳои худро бидон ва аз савдои инсон эҳтиёт бош” ба гуфтаи роҳандозонаш, аз ҷониби созмони “Занон ва ҷомеа” ва ҷалби мақомоту ҳуқуқшиносон давоми ду моҳи оянда 5 шаҳру навоҳии Суғд: Хуҷанд, Ашт, Исфара, Конибодом ва Ғончиро ҷараён мегирад.

XS
SM
MD
LG