Нерӯҳои ҳукуматии Сурия рӯзи 27 март шаҳри бостонии Палмираро пурра аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд. Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, артиш ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ назорати шаҳрро пурра дар ихтиёр доранд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли Шамин”-ро хароб кард. Баъдан ситезаҷӯён чанд осори бостонии дигар, аз ҷумла, се манораи солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд, тахриб карданд. ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намодҳо ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир