Клуби мубоҳисавии “Валдай” ва оҷонси “Сиёсати беруна”-и Русия гузоришеро дар бораи таҳдидҳои асосӣ ба Русия дар соли 2016 таҳия кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, гузориши “Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016” аз сӯи гурӯҳи коршиносони рус таҳия шудааст.
Муаллифони гузориш “талошҳо”-и ИМА барои заъиф гардонидани Русия ва дар атрофи он сохтани режимҳои содиқ ба Вошингтонро аз таҳдиди асосии стратегӣ барои Маскав хондаанд. “Русияи заъиф наметавонад рақиби ҷиддии иқтисодӣ бошад ва маркази алтернативии нерӯ дар АврОсиёро ташкил кунад. Русияи заиф аз густариши нуфузи Чин метарсад ва маҷбур мешавад, ки дар муҳимтарин тарҳи Амрико дар қарни 21 – ҷилавгирӣ аз нуфузи Чин дар паҳлӯи ИМА бошад",- омадааст дар ин гузориш.
Аз нигоҳи муаллифон, дигар таҳдиди ҷиддӣ, хатари ҷанг бо Туркия аст, ки онро метавон паёмади бӯҳрони Сурия номид. Онҳо навиштаанд, ин нахустин ҷанги қарни 21 мешавад, ки дар он ҷабҳаву сангар ва қурбониҳои оммавӣ нахоҳад буд, вале маҳвораҳои кайҳонӣ, системаи мухобирот ва сохтори интернетӣ аз байн бурда хоҳад шуд.
Муаллифони гузориши “Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016” мутмаинанд, ки дигар таҳдиди ҷиддии марбут ба бӯҳрони Сурия – бо пуштибонӣ аз Эрон вориди ҷанги минтақаӣ миёни сунниҳову шиаҳо шудани Русия аст.
Дар гузориш ба таҳдиди ифротгароҳои исломӣ ба Русия ҳам таъкид шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, ин хатар ҳатто дар сурати пирӯзии комил аз болои ситезаҷӯён дар Сурия аз байн нахоҳад рафт, зеро фармондеҳону сарбозони гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз Сурия ба дигар кишварҳои заъифтар, аз ҷумла, ба Ироқ, Либия, Мали, Афғонистон, Сомалӣ, мераванд.
Коршиносон эҳтимоли бесуботӣ дар кишварҳои ҳаммарз бо Русияро ҳам "таҳдид ба Маскав" хондаанд. Аз нигоҳи онҳо, бадтарин сенария барои Русия – шикасти яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҷойи он пайдо шудани "кишвари ҷиҳодӣ"-ст -- кишваре, ки он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳ шариатро аз нигоҳи худ тафсиру маънидод хоҳанд кард. Ба навиштаи муаллифон, ин гуна хатар аз ҳама бештар ба Тоҷикистон, яке аз шарикони стратегии Русия, таҳдид мекунад.
Аммо чаро муаллифони гузориш маҳз ба Тоҷикистон чун осебпазиртарин кишвари минтақа ишора кардаанд? Александр Храмчихин, муовини раиси Пажуҳишгоҳи таҳлили сиёсиву низомии Русия, дар посух ба ин суол мегӯяд, ки "Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари воқеан ҳам нокоми Осиёи Марказиянд. Зиёда аз ин, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон заъифтарин дар Осиёи Марказиянд, дар кишвар паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба таври ҷиддӣ аз байн бурда нашудаанд ва ин дар ҳоле, ки Тоҷикистон бевосита дар марзи Афғонистон ҷойгир шудааст, яъне назар ба дигар кишварҳои минтақа ба манбаъи асосии бесуботиҳои феълӣ наздиктар аст".
Аз сӯи дигар, теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон на фақат аз тарафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия меҷанганд, балки дар ҳайати гурӯҳҳои хурду бузурги онҳо дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон мустақар шудаанд.
Бо ин вуҷуд, Александр Храмчихин бо назари муаллифони гузориши “Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016” пурра мувофиқ нест. Ба гуфтаи ӯ, Узбакистон, ба вижа, водии Фарғонаи он, аз нигоҳи нуфузи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ назар ба Тоҷикистон осебпазиртар аст, "зеро баробари таркидани водии Фарғона, ҳама минтақа метаркад".
Александр Храмчихин мегӯяд, ки "аслан, аз нигоҳи ман, ғайр аз Қазоқистон дигар ҳама кишварҳои минтақа дар баробари ифротгароии мазҳабӣ осебпазиранд."
Зимнан, як сол пеш ҳолдинги мухобиротии Minchenko Consulting ҳам дар гузориши «Арзёбии хатарҳои сиёсӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро осебпазиртарин кишвари минтақа ва аз ин рӯ, номусоидтарин кишвар барои сармоягузорӣ номида буд.
Муаллифони гузориши клуби “Валдай” ва оҷонси “Сиёсати беруна” ба он нукта ҳам ишора кардаанд, ки тавонмандии Маскав барои пуштибонӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт коҳиш ёфта ва, аз ҷумла, барномаи сармоягузорӣ барои Қирғизистон чанд баробар кам шудааст.