Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати мудофиа: "Меҳровар латукӯб нашудааст"


Бинои вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Бинои вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз президент Эмомалӣ Раҳмон, вокуниш нишон дод.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон дод. Ин нома рӯзи 27-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Торнамои Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март зери унвони "Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостанд" матлабе нашр намуд, ки дар он хонаводаи сарбози тоҷик Меҳровар Мақсудов барои расидагӣ ба қазияи ӯ, аз президенти кишвар кӯмак хостаанд.

Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостанд

Пайвандони ин сарбоз, рӯзи шанбеи 26-уми март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи Меҳровар шуда буданд. Онҳо иддао доранд, ки Меҳровар аз ҷониби 10 нафар аз ҳамхизматонаш латукӯб шуда ва ҳоло дар Бемористони рӯҳӣ бистарӣ аст.

МАТНИ ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ТОҶИКИСТОН

Изҳороти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақолаи шикоятии наздикони Меҳровар Мақсудов, ки дар сомонаи Озодӣ таҳти мақолаи «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кўмак хостанд».

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақолаи шикоятии наздикони Меҳровар Мақсудов чунин пешниҳод менамояд, ки сарбози қатори Меҳровар Мақсудов дар ҳақиқатан дар таърихи 14 ноябри соли 2015 бо тариқи гирифтани даъватнома аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Рўдакӣ бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

Сараввал хизмати худро сарбози қатори дар қисми ҳарбии 02011-и Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа оғоз намудааст. Сипас барои омода намудани мутахассисони мошини зиреҳпўши ҷангӣ ба маркази таълимии қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа сафарбар карда шудааст.

Дар хусуси шикояти наздикони Меҳровар Мақсудов, ки гӯё «Меҳровар ҳоло дар вазъияти хеле бад қарор дорад. Мо сабти овози ўро дорем, ки мегўяд 10 нафар ҳамхизматонаш ўро латту куб кардаанд. Дар ҳоле, ки даст ба чунин кор задаанд, бигзор иқрор шаванд. Ё ҳадди ақал Меҳроварро ба мо бидиҳанд, ки худамон муолиҷа кунем».

Дар асоси маълумотномаи Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва роҳхати командири қисми ҳарбии 08010 аз санаи 17 марти соли 2016 бинобар сабаби бемории асаб дар шуъбаи бемориҳои асаб ва рўҳӣ бо ташхиси пешакӣ ва дар натиҷа баъди ташхис маълум гардид, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ бо мақсади муоина, бистарӣ карда шуд. Инчунин ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани сарбози қатори Меҳровар Мақсудов нишонаҳои лату куб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхурӣ ёфт нашуд. Инчунин муоинаи томографияи магнитию резонансӣ дар санаи 21 марти соли 2016 гузаронида шудааст, ки хулоса: бе тағйироти потологӣ.

Бо сабаби рафторҳои намоишкорона доштан дар шуъба ва ба атрофиён хатарнок буданаш ва барои муайян намудани ҳолати рўҳӣ ва гузаронидани экспертизияи психиатрӣ дар санаи 22 марти соли 2016 ўро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рўҳӣ равона намуданд, ва айни ҳол дар онҷо қарор дорад.

Мактуби шикоятии модари сарбози қатори Меҳровар Мақсудов ба унвонии Сарпрокуратураи ҳарбӣ мавриди баррсӣ ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шуда, баъди санҷиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.

XS
SM
MD
LG